• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар 9 моҳи соли 2023 ва нақшаю вазифаҳои минбаъдаи он дар 3- моҳаи охири соли ҷорӣ 13 – уми октябр дар толори маҷлисгоҳи КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ “ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КВД “ Хоҷагии манзилияю коммуналӣ” дар 9 моҳи соли 2023 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону масъулини зерсохторҳои КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иштирок намуданд. Қайд гардид, ки аҳли кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, саъю кӯшиш менамоянд, ки нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи истеҳсолӣ ва молиявию иқтисодиро пурра ба иҷро расонида, сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолӣ мамлакат торафт беҳтару хубтар намоянд. Дар самти сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои соҳа бо кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунию канализатсия бо татбиқи Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъмин оби нӯшокӣ ба аҳолӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шуд. Бо назардошти дастовардҳои истеҳсолӣ дар ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти нуҳ моҳи соли 2023, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тасмим гирифтааст, ки то охири соли 2023 як қатор вазифаҳоро , ки барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ нигронида шудааст содиқонаю софдилона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба иҷро расонад.