• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Табрикоти директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Давлатзода Усмон Гул ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчам ҳамчун нишони соҳибдавлатӣ ва ҳувияти миллӣ барои баланд бардоштани нуфузу эътибори давлат, ҳисси миллӣ ва саодату сарфарозии халқу миллат, ҳамчун мояи ифтихор аз давлату давлатдорӣ нақши муҳиму асосӣ дорад. Мо ифтихор аз он дорем , ки чунин давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр дорем ва зери ливои партавафшони он озодона кору зиндагонӣ мекунем. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки нисбати ин муқаддсоти миллӣ арҷ гузорем ва онҳоро чун ҷон азиз ва чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки рамзи саодат, бахту иқбол, сарсабзӣ ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонист болои сари мо парафшон асту тоҷику тоҷикистониёнро дар арсаи олам мураррифӣ намуда, ифодагари мақсаду маром ва ҳадафҳои неку созандаи халқу миллати тоҷик мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери сиёсати хирадмандона, созандаю бунёдгарона ва башардӯстонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори парчамҳои давлатҳо дунё дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва созмону ташкилотҳои дигари байналмилалӣ, муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ партавафшон буда, аз давлатдории халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик шаҳодат медиҳад. Ҳамкорон ва ҳамкасбони гиромӣ! Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яко яки шумо муборакбод мегӯем ва таманнои онро дорем, ки бигузор Парчами саодат, ифтихор ва сарфарозии миллат болои саратон то абад партавафшонӣ кунад. Ва зери ин ливои фатҳу нусрат ва пояи сулҳу суботи сартосарии кишвар бо дастовардҳои шоёну назаррас ноил бигардед. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!