• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Паёми Пешво – раҳнамунсози роҳи фардо Роҳбарият ва кормандони КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 28 –уми декабри соли 2023 тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш гардид, сарҷамъона тамошо карданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023- ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун соли бобарор ва некӯ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми кишвар бо меҳнати софдилона ва содиқонаи худ раванди созандагию бунёдкориро мароми тоза бахшида, дар амалӣ намудани нақшаю барномаҳои пешбинигадида саҳми назаррас гузоштаанд. Он вазифаҳое, ки барои соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорату кумитаҳо, муассисаю ташкилотҳо ва умуман пеши тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон гузоштанд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз як соли ояндаро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат муайян намуданд.