• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар соли 2023 ва нақшаҳои пешрафти он дар соли 2024.

  Дар ҷаласа қайд гардид, ки аҳли кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ   дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи маъолияти ҳаррӯзаи худ дониста  ҳама кӯшишу ғайрати худро ба он равона мегардонанд, ки нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи истеҳсолию иқтисодӣ ва молиявиро пурра ба иҷро расонида, ҳаҷму сифати хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии мамлакат торафт баланд бардоранд.

 Ҳамчунин қайд гардид, ки аз рӯи маълумотҳои пешакӣ дар ҷамиъбасти фаъолияти соли 2023 КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба истифодабарандагон ба маблағи 207 миллиону 823,3 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни кммуналӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  дар ҳаҷми 5 миллиону 445, 1 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 102, 7 фоизро дар бар мегирад.

  Дар соли 2024  ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани маркази шаҳру ноҳияҳо вусъати тоза бахшида, сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баланд бардошта мешавад.

 Дар ҷамъбаст  як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони  корхонаҳои зертобеъ  барои фаъолияти пурсамар ва  назаррас бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.