5 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ҷумҳурӣ Усмон Давлатзода дар шаҳри Конибодом дар тантанаи идона, ки ба истиқболи Рӯзи Модар бахшида шуд, ширкат варзиданд.
Раиси вилоят модарон ва бонувонро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда, ба онҳо хушиҳои рӯзгор, саодати комил ва зиндагии пур аз нишотро таманно намуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки нақши занону бонувон дар пешрафт ва рушду тараққии иқтисоди миллии мамлакат хело ҳам назаррас буда, бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва манзалати занон сол аз сол ҷойгоҳи махсуси худро касб намуда, занону бонувон дар амалӣ намудани сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳкими сулҳу ваҳдати комил, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва созандагию бунёдкорӣ нақши бориз доранд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ Усмон Давлатзода ба аёдати занони собиқадори соҳаи маориф Марҳабо Аслиддинова, Муҳаррама Қаюмова ва собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ Маликахон Назарова ва Ҳанифа Юсуфова рафта, ба онҳо барои хизматҳои шоёну шоистаашон дар ҳаёти иқтисодию иқтимоии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуда, онҳоро ба ин рӯзи мубораку фархунда шодбош гуфтанд.
Дар суҳбат бо собиқадорон таъкид карда шуд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон эътибору эҳтироми зиёд зоҳир менамояд. Саҳми занону бонувони тоҷик дар пешрафти хоҷагии халқ назаррас буда, онҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бонкдорӣ, соҳибкориву кишоварзӣ, саноат фаъолона меҳнат мекунанд.
Дар навбати худ, собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои пайваста ва рӯзафзуни Сарвари давлат нисбат ба модарон ва занону бонувон миннатдории самимии худро изҳор доштанд.
