• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Табрикоти Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ“ Давлатзода Усмон Гул ба ифтихори ҷашни                байналмилалии “Наврӯз”

  Ҳамкорони азизу гиромиқадр! Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаест, ки реша дар сарчашмаҳои таърихӣ дошта, аз гузаштагони баруманду фарҳангдӯст ва меҳнаткашу меҳнатқарини мо  бо он ҳама ойину суннатҳояш омада расидаасту то кунун қадру манзалати худро гум накардааст.

  Илова бар ин, Наврӯз бо ин ҳама, ки ҳамасола ба такрор меояд, на балки шукӯҳ ва шаҳомати худро гум накардааст, ҳамчунин ҳар сол азизтару маҳбубтар аз он мегардад, ки буд.

  Ва мо ҳазорсолаҳост, ки қудуми хайрбору нишотовари ин ҷашни мубораку муқаддасро бо анана ва расму русуми аҷдодиамон хушу гуворо истиқбол мегирем.

  Хотирнишон бояд намуд, ки яке аз бузургтарин ва пурарзиштарин рӯйдоди фарҳангии миллати мо ин ҷашни Наврӯз аст.

  Ин аст, ки бо азму талош ва иродаи устувору талошҳои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид гардид ва  бо Қарори   махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва ҳамасола 21 март рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.

  Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Наврӯз ҷойгоҳ ва нуфузи махсуси  худро пайдо намуд ва ҳамчун шиносномаи миллат ва як рукни асили Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуд.

 Имрӯз мо аз он шукургузор ҳастем, ки боз ба баҳори нав расидем ва қудуми муборак ва нусратбахшу файзбори баҳори хуҷаста ва Наврӯзи оламафрӯзро хайрамақдам мегӯем.

  Бо даст ёфтан аз ин фурсати муносиб, ҳамаи шумо ва дар шахси шумо пайвандону наздиконатон ва аҳли оилаатонро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳоноро ва баҳори накӯпай табрику таҳният гуфта, таманнои онро мекунем, ки қудуми мубораки Наврӯз бароятон сарсабзию шукуфоӣ, рӯзгори пур аз фараҳу шодӣ, саодату сафо ва хурраму ободро эҳдо намояд.    Қадами тозаи Наврӯз ва   ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад, ҳамкорони азиз!