• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ»

Гузашти солҳо собитгари онанд, ки дар фаъолияти вазорату кумитаҳо, корхонаю ташкилотҳо ва тамоми бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат  марҳилаҳои нави рушд ба миён омада, пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои неку назаррас ба даст омадаанд.

 Ин падидаҳои неку арзишманд бори дигар далолат аз он мекунанд, ки зери сиёсати хирамандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ҳифзи истиқлолу озодӣ, пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ,  ваҳдати миллӣ ва  бунёдкорию созандагӣ ва ободонии кишвар қадамҳои устувор гузошта шудааст.

 Дар КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо иштироки роҳбарият, намояндагӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказии корхона, идораю ташкилотҳои зертобеи он  ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти 3- моҳаи аввали соли 2024 доир гардид.

 Аз натиҷаи фаъолияти 3- моҳаи корхона муовини аввали директори генералии  КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Абдулазиз Достизода баромад намуда, аз натиҷаҳои дар се моҳи аввали соли 2024 ба дастовардаи аҳли корхона ва ташкилоту муассисаҳои дар шаҳру ноҳияҳо фаъолиятдоштаи он ҳисобот доданд.

 Қайд гардид, ки кормандони КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” фаъолияти худро зери сиёсати  созанда ва бунёдгаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда,  сол аз сол ба натиҷаҳои неку арзишманд ноил гардидааст.

  Аз ин рӯ, роҳбарият ва аҳли кормандони КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кӯмаку дастгириҳояшон ҷиҳати рушди соҳа изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос менамоянд.

   Роҳбарият ва аҳли кормандони КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо дастгирӣ ва пуштибонӣ  аз сиёсати созандаю  бунёдгарона ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, азм доранд ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии мамлакат боз ҳам хубтару беҳтар  намоянд.

  Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти 3- моҳаи 1-уми соли 2024 дар умум дар КВД  “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”  ба истифодабарандагон ба маблағи 55 миллиону 560 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналӣ ба роҳ  монда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 4 миллиону 330 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он  ба 108 фоиз баробар мебошад.

  Чун рисолати аввалиндараҷаи кормандони КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъмини аҳолии мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ мебошад, корхонаҳои зертобеи таъминкунандаи об ва рафъи обҳои партов воқеъ дар шаҳру навоҳии мамлакат дар 3- моҳаи аввали соли 2024 истифодабарандагонро дар ҳаҷми 18 миллиону 558 мукааб бо оби нӯшокӣ таъмин намуда, 6 миллиону  0,10 ҳазор метри мукааб баровардани  партовобро ба роҳ монданд.

   Маблағи  хизматрасониҳои коммуналӣ дар ин самт 28 миллиону 740 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

 Дар дигар бахшҳои корхона низ дар семоҳаи аввали соли 2024  дастовардҳои неку арзишманд ба каф омадаанд.

  Роҳбарият ва аҳли кормандони КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати беҳтару хубтар намудани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, беҳтар таъмин намудани аҳолии мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ, сари вақт баровардани партовҳои сахти маишӣ ва тақвият бахшидан ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ кӯшиш ва азму талош намоянд.