Пешгирӣ аз хавфҳои коррупсионӣ
Дар Корхонаи воҳиди давлатии “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо иштироки директори генералии корхона Давлатзода Усмон Гул, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора ва нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ Асилзода Парвиз вохӯрӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Дастгоҳи марказии корхона, масъулин ва кормандони корхонаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Корхонаи фаръии “ Сохтмони асосӣ ва таъмир” ҳамчунин масъулин ва кормандони Муассисаи давлатии “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот”, ки дар тобеияти КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ “ мебошанд, иштирок намуданд.
Вохӯрӣ бо пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он зарурати қабул ва мазмуну мундариҷаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи тасдиқи Методолилияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият( хавфҳои коррупсионӣ)”, ҳамзамон моҳияти қабули моддаи 661-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Давлатзода Усмон Гул зарурати баргузор намудани мулоқотро муҳим арзёбӣ намуда, пешниҳоди Агентиро дар мавриди ташкил ва гузаронидани чорабинӣ ба манфиати пешрафти фаъолияти корхона шуморид.
Сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора аз рӯи масъали пешниҳодгардида баромад намуда, иброз дошт, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва даҳшатбор дар қатори тероризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳама ҳолат ба пешрафт, рушду тараққӣ ва суботи ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.
Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ давлат ва ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқовимат ба коррупсияро дар меҳвари сиёсати дурандешонаи худ қарор додааст ва барои аз байн бурдан ва решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Баъди ба тасвиб расидани “Конвенсияи Созмони Милалӣ Муттаҳид зидди коррупсия” аз соли 2006 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрию ҳуқуқи ба тасвиб расидааст, ки барои аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва пешгирии он мусоидати бештар менамояд.
Он чи ки барои пешрафти иқтисодиёти ин ва ё он вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷаи давлат ҷудо мегардад, танҳо бояд ба манфиати давлат истифода шавад, на ин ки барои истифдаи манфиати шахсӣ.
Дар фарҷом қайд гардид, ки барои аз байн бурдан ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ бояд ҳар яки мо масъул бошем ва нагузорем, ки ин амали номатлуб дар ҷомеа реша давонда, теша ба решаи иқтисоди миллӣ кишвари мо занад.