Табрикоти Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Усмон Гул ба ифтихори 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамкорони азизу гиромӣ! Шумо ва дар шахсияти Шумо пайвандону наздиконатонро ба муносибати 33- юмин солгарди ҷашни муқаддасу муқаддами миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош мегӯям.
Мусаллам аст, ки Истиқлолият ҳамчун рамзи якдилӣ, ҳамбастагию ҳамрайъии мардуми шарифу шарафманди тоҷик ба мардуми кишвар худшиносию худогоҳӣ ва саодату сарбаландӣ эҳдо намуд.
Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ миллати кӯҳанбунёду соҳибхирад ва соҳибтамаддуни тоҷик имкон пайдо намуд то ба ормонҳои деринтизори хеш бирасад, дороии ватани азизашро соҳибӣ кунад, онро ба нафъи халқу миллаташ истифода намояд ва ватани азизашро ободу зебо гардонад.
Тақдири ватану давлати худро ба даст гирад ва бо симои хос ва азму иродаи неки созандагию бунёдкорӣ ба сӯи ояндаи босаодат гомҳои устувор гузорад.
Дар асл ҳам, дар даврони соҳибистиқолии мамлакат дар партавӣ пуштибонӣ аз сиёсати сулҳпарварона, инсондӯстонаю бунёдгарона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми бунёдкору созандаи тоҷик дар роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта, Тоҷикистони тозаистиқлолро ободу зебо ва сарсабзу шукуфо гардонданд.
Мо низ кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба мардуми кишвар хизмати шоёну шоиста расонида, дар ободию шукуфоии ватани азизамон ҳиссаи арзанд дошата бошем ва рисолати хешро дар ин самт собитқадамона ба иҷро расонем.
Мо мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз он мекунем, ки зери сиёсати абармарди дурандешу накӯпеша ва адолатпарвару хирадманд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери ливои парафшони соҳибистиқлолӣ, дар фазои сулҳу суботи комил кору зиндагӣ дорем ва ин арзишҳои даврони соҳибистиқлолиро, ки муҳимтарин ва гаронмоятарин дастовард мебошанд, чун ҷон азиз ва чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Бори дигар ҳамкорни азиз, ҷашни миллӣ – 33 солагии Истиқлоли давлатиро бароятон табрик намуда, ба яко яки Шумо саодати зиндагӣ, сарбаландию шукуфоиро таманно менамоям ва орзуи онро мекунем, ки парчами соҳибистиқлолии мамлакат то абад болои сари мардуми Тоҷикистон бо ҷило ва таровати нав ба нав партавафшон бошад!
Идатон муборак, ҳамкасбону ҳамкорони гиромиқадр!