• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ҷамъбасти 9 моҳаи  соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024

  Ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Усмон Гул доир гардид.

  Дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Солеҳзода, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, муовинони директори генералӣ, кормандони Дастгоҳи марказӣ,  роҳбарони корхонаҳои обу корезӣ ва корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

  Сараввал раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Давлатзода Усмон Гул ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуд.

   Сипас, ҳисоботи  муовини директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”  Раҷабалӣ  Расулзода оид ба фаъолияти ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  9 моҳаи  соли 2024 шунида шуд.

   Номбурда иброз доштанд, ки  роҳбарият ва аҳли кормандони  ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он ҳама ғамхорию  дастгириҳои рӯзафзуне, ки аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди босуботи соњаи хољагии манзилию коммуналӣ ба харҷ дода мешаванд, миннатдории беандоза зоҳир менамоянд.

  Қайд гардид, ки дар  нуҳ моҳи соли 2024 аҳли кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба аҳолии мамлакат дар доираи имкониятҳои мавҷуда хизматҳои коммуналӣ расонида, нақшаю уҳдадориҳои дар наздашон гузошташударо бо муваффақият ба иҷро расониданд.

 Ҷиҳати пайваста зиёд намудани пардохти саривақтӣ ва пурраи маблағҳои андоз ба буҷети давлатӣ тадбирҳои муҳим рӯи даст гирифта шуда, барои  пешрафти иқтисодиёти кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

   Иброз дошта шуд, кормандони  ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар семоҳаи чоруми соли 2024 фаъолияти кориашонро ба таври назаррас ба роҳ монда, он вазифа ва уҳдадориҳое, ки пеши онҳо гузошта шудааст бо сарбаландӣ ва бо муваффақият ҷамъбаст намоянд ва дар ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

    Сипас,  раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Давлатзода Усмон Гул аз фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилотҳои низоми Кумита   натиҷагирӣ намуда, қайд намуданд, ки бо вуҷуди он ҳама дастоварду бурдбориҳое, ки дар фаъолияти корхонаю  ташкилотҳои низоми Кумита ба назар мерасанд, ҳоло ҳам камбудию норасогиҳое низ ҷой доранд, ки ба пешрафту фаъолияти корхонаю ташкилотҳо монеъа эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, роҳбарон ва кормандони идораю ташкилотҳоро  лозим меояд барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд ва хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

  Аҳли кормандони корхонаю ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва софдилона меҳнат намуда,  кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашнҳои пуршукӯҳи  мамлакат 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои  арзанда ва фаъолияти пурсамар истиқбол намоянд.