• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                       Конститутсия – сарнавишти имрӯзу фардо.

 

Ҳамкорони гиромиқадр! Мардуми сарбаланди тоҷик бо ифтихору сафарозӣ 30-юмин солгарди қабули Бахтномаи миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат Шумо ва дар шахсияти Шумо пайвандону наздиконатонро аз самими дил ба ин рӯзи фархундабаю муборак  табрику шодбош мегӯям.

Тазаккур бояд дод, ки дар таърихи навини  Тоҷикистони соҳибистиқлол қабули Конститутсия воқеан ҳам падидаи арзишманд ва рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, 30 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 бо ҳамовозии мардуми шарифу шарафманди кишвар қабул гардид. 

Қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз сокинони мамлактро ба ояндаи неку босаодат умедвор сохта, ҳамчун санади тақдирсоз сарнавишти  имрӯзу фардои давлату миллатро дар худ таҷассум намуд ва раҳнамою роҳкушои халқу миллати тоҷик гардид.

Бо амалӣ гардидани меъёрҳое, ки дар Конститутсия дарҷ ёфтаанд дар мамлакат фазои орому осоишта, якдилию ҳамрайъӣ ва суботи комил ба миён омада, тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва заминаи мусоид баҳри рушду нумӯи бонизоми иҷтимоию иқтисодии давлат ба миён омад. 

 Маҳз, таҳти сарварии оқилонаю дурандешона ва адолатпарваронаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада, фароҳам овардани фазои осоишта ва босубот, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин гардид. 

 Конститутсия мардуми Тоҷикистонро зери ливои якдилӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамрайъӣ мутаҳид намуда, барои боз ҳам  ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азиз, Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамун гардонидааст.

 Саодату сафо ва хонаободию тансиҳатиро бароятон таманно дорам ҳамкасбону ҳамкорони гиромиқадр!

 Идатон муборак бошад!