• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар толори Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ифтихори 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бошукӯҳ таҳти унвони “ Конститутсия – шоҳсутуни низоми давлатдорӣ “ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Усмон Гул ва ба ҳайси меҳмон мудири кафедраи Таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих  Ҷонибеки Асрориён, кормандони дастгоҳи марказӣва ташкилоту идораҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоништирок намуданд.  

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

  Чорабиниро раиси Кумитаи хоҷагии  манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Усмон Гул ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муқаддасу фархунда муборакбод намуд.

Номбурда иброз намуд, ки қабули Конститутсия дар низоми давлатдорӣ ва волоияти қонун, таҳкими пояҳои  давлату давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пос доштани рукнҳои давлатӣ,  ҳувияти миллӣ ва пойдории сулҳу суботи сартосарии кишвар заминаи дар асл ҳам воқеъӣ гузошта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибтамаддуну соҳибистиқлол дар арсаи олам муаррифӣ намуд.

 Сипас, мудири кафедраи Таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих  Ҷонибеки Асрориён ба сухан баромада, оид ба зарурати қабули Конститутсия ва моҳияти он дар рушду тараққӣ ва пешрафту музаффариятҳои ба дастовардаи Тоҷикистон соҳибистиқлол андешаронӣ намуд.

Ҷонибек Асрориён қабули Конститутсияро дар низоми давлатдории тоҷикон муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки дар сарнавишти  Тоҷикистони соҳибистиқлол қабули Конститутсия падидаи арзишманд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсозу роҳнамои халқу миллати тоҷик ба шумор рафта дар он сарнавишти имрӯзу фардои  давлату миллат ба пуррагӣ таҷассум ёфтааст.

Дар давоми 30- соли мавҷудияти  Конститутсия зерироҳбарии  хирадмандона ва инсонпарваронаю  дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат дар ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, як қатор пешравиҳо ба даст оварда шуд. Фазои осоиштаву босубот,  сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои мутақобила судманди байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид.

Ҳамоиш дар руҳияи баланди вадандорию  ватанхоҳӣ бо садоисуруди миллӣ ба анҷом расид.