Парчам ифтихору иқтидори миллат аст.
Табрикоти раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Усмон Гул ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамкорони азизу гироми!
Дар қатори он ҳама муқаддасоте, ки ҳар яки мо ба он арҷ мегузорему гиромӣ медорем, Парчам маҳбубтарин ва волотарин рамзи давлату давлатдории миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддун ва соҳибистиқлоли тоҷикон ба шумор меравад.
Мусаллам аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулаём парчамдору парчамбардор буд ва гузаштагони баруманду шарафманди мо ҳамчун посдори муқаддасоти миллӣ дар тули асрҳо бо парчами худ ифтихор мекарданд ва онро ҳамчун нишони мардонагӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ мешумурданд ва нисбаташ арҷ мегузоштанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи парчамдории миллати тоҷик ёдовар шуда бо ифтихор иброз доштаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт.
Ливои Коваи Бузург бошад – нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Баъди шарафёб гардидан ба истиқлолияти комил миллати тоҷик соҳиби Парчам, Нишон, Конститутсия ва Суруди миллӣ гардид, ки ин муқаддасот барои халқи тоҷик ҳамчун шиносномаи миллат пазируфта шуд ва имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи олам бо парчам ва рамзу нишонҳои давлатиаш мешиносанд.
Парчами миллӣ мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди ватандору ватанхоҳ буда, таҷассумгари таърихи куҳан, ифшогари орзую ормонҳои мардуми тоҷик мебошад.
Парчам муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи олам аст.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчамро, ки рисолати гузаштагони мо маҳсуб меёбад,бо дили гарму муҳаббати бепоён ба ҷо биёварем ва дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад, чун ҷон азизу муқаддас шуморем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамкасбону ҳамкорни гиромиқадрро ба муносибати ин санаи мубораку фархунда аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори босаодат, саломатию бурдборӣ ва хонадони ободу зиндагии осоиштаро таманно дорам.
Бигузор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол мудом боли сари ҳар яки мо партавафшон бошад ва аз шуъои ахтаронаш ба сарзамини тоҷикон нуру зиё бахшад.
Рӯзи ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамкорни азиз!