• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тендер барои харидории таҷҳизотҳои идоравӣ, молҳои конселяр ва хоҷагидорӣ.

         Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории таҷҳизотҳои идоравӣ, молҳои конселярӣ ва хоҷагидорӣ тендер (озмуни кушод) эълон менамояд.

         Барои иштирок дар тендер ширкатҳову мағозаҳои ҳавасманд ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:

  • пешниҳоди тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи ташкилот;
  • нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ / соҳибкори инфиродӣ;
  • иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
  • рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

–    мушаххасоти бонкӣ дар бланкаи расмӣ;

–    нусхаи шиносномаи роҳбар ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аз номи Иштирокчии харид амал мекунад;

– дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар талаботи ҳуҷҷатгузорӣ зикр карда шудаанд;

– маълумотнома аз нозироти андоз, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ аз андоз қарздор нест;

Номгӯи таҷҳизотҳои идоравӣ, молҳои конселярӣ ва хоҷагидорӣ дар ин ҷо — руйхат. https://docs.google.com/document/d/1SAEEMttCAqx7zwoXKpgvM4niVXXBJUKW/edit?usp=drive_link&ouid=104239316771607559269&rtpof=true&sd=true

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд барои иштирок дар тендер дархостро ба почтаи электрониамон ирсол намоянд .

info@khmk.tj

Tell:+992(37)233-49-83

Ё пешниҳодро ба суроғаи зерин дастрас намоед:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018,

ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 56