Соли нав- мужда аз иқболи нек
Табрикоти раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Усмон Гул ба ифтихори Соли нави мелодии 2025.
Ҳамкасбон ва ҳамкорони гиромиқадр!
Инак боз як соли дигар аз ҳаёти мо, аз зиндагию рӯзгори мо пушти сар мешавад ва бо ҳама дастоварду комёбиҳо, бо ҳама бурду бохтҳояш ба ҳукми таърих медарояд.
Соли 2024 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз пур аз рӯйдод ва навгонию дастовардҳои азиме буд, нуфузу мартабаи кишвари азизи моро дар арсаи олам боз боло бардошт.
Мардуми шарифи Тоҷикистон соли 2024 30-солагии қабули яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим, санади тақдирсози миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстонро бо рӯҳияи баланд ва ифтихору саодатмандӣ истиқбол гирифтанд.
Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна, созандаю бунёдгарона ва ваҳдатофари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як гӯшаю канори мамлакат раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ суръат гирифта, садҳо иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодидошта бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт, ки ин навгониҳо барои рушду тараққии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии кишвар заминаи дар асл ҳам воқеъӣ гузошт.