• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳозирини  гиромӣ, Модарону хоҳарони арҷманд!

Заҳмату бедорхобиҳои шабонарӯзӣ, сабру таҳаммули бемисли модар танҳо ба худаш хос аст. Инсон дар канори модари дилбанду пурмеҳри ӯ ба камол мерасад ва нахустин мактаби машқу таълими мо оғӯши биҳиштии ӯст.  
Мирзо Абдулқодири Бедил, ки бо маъниофаринии хоси худ дар байни аҳли адаби мо ба унвони Абулмаонӣ, яъне “падари маънӣ” маъруф аст, “тифлию домони модар”-ро ба биҳишт ташбеҳ додааст:

     
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем. 

Аз қадимулайём модарони мо дар гаҳвора зери болини кӯдак китоб мегузоштанд, ки ин амал беҳикмат нест. Ҳар модар орзу мекунад, ки тифлаш бенуқсу босавод ба камол расида, дар оянда соҳибмаърифату соҳибхирад гардад.

Шояд аз меҳру муҳаббати бепоёни модар аст, ки тамоми абармардони олам, шоҳон, шоирону фозилон ва олимону орифони машҳур дар ҳама давру замон бар қудуми мубораки модар сари таъзим фуруд овардаанд. Боз ҳам рӯ меорем ба “Модарнома”-и устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки ҳамин ҳақиқатро бо санъати баланди шоирона баён кардааст:


Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, 
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар. 

Ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан-модар сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо барои наслҳои инсоният доир ба эҳтирому бузургдошти зан-модар суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд”.

Ҳамаи ин таъкидҳо барои онанд, ки ҳар бузургмардро модар ба олами ҳастӣ меорад, тифли ҷигарбанди худро ба камол мерасонад, барои ташаккули ҳамаҷонибаи ӯ тамоми ҳастиашро мебахшад ва маҳз ҳамин заҳматҳои модар аст, ки фарзандони бонангу номус номи модарони азизи хешро абадӣ мегардонанд.

Дар миёни мардуми сайёра, хусусан дар байни мардуми Шарқ, мақоли “модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад” маъруф аст, ки онро бо ҳама забонҳо метавон шунид.

Дар ин як ҷумлаи кӯтоҳ рисолати инсонии модар ва ҳадди тавоноии ӯ дар канори ҳам хеле пурра, фаҳмо ва расо зикр гардидаанд. Бузургии аҳамияти ин панд боз дар он аст, ки ин воқеиятро чи олим ва чи фарди одӣ комилан дарк ва эътироф мекунад.

Инсонҳои соҳибмаърифат ва қадршинос сабру таҳаммул ва ранҷу заҳмати модаронро беназир ва ғайри қобили қиёс дарёфтаанд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Самараи асливу асосии ранҷу машаққати модарон дар тарбияи фарзандон ба мақому мартабаи воло даст ёфтани инсон маҳсуб шуда, ҳамин ранҷу машаққат боиси таҳким ва густариши мақому мартабаи модарон дар назди фарзандон ва ҷомеаи инсонӣ мегардад.   

Нақши занони тоҷик дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон  бузург аст. Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи  зиндагӣ  ва тарбиятгари фарзандон буда, новобаста ба  пастиву баландиҳои зиндагӣ рисолати худро дар тамоми давру замон сарбаландона иҷро менамояд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ин дарак медиҳад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Идатон муборак Модарону хоҳарони азиз!