• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши Истиқлолияти давлатиамон ба марҳалаи нави эҳёи худ расида, туфайли сиёсати тамаддунофар ва фарҳангпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид.

Анъанаҳои зебою пур аз ҳикмати тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон беҳисобанд. Аз ҷумла, ниёгони мо аз қадимулайём дар ин давра анъанаеро ба ҷо меоранд, ки дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад. Дар “Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаро берун бароварда, хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву палос сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шуълаи офтоб онҳоро безарар гардонад. Барои онҳо Наврӯз, пеш аз ҳама, поккорӣ, ба тартиб овардани манзилу кошона ва деҳу маҳаллаҳо арзёбӣ мешуд. Рамзист, ки дар ин давра бонувони хонадон дару тирезаҳои хонаро кушода мемонданд, то ба хона нурҳои тилоранги офтоб ҳар чи зиёдтар ворид гарданд ва давоми сол манзили онҳо пур аз шодию нишот бошад. Онҳо дегу табақи мисини хонаро бо регҳои обшустаи соҳил шустушӯ намуда, соиш медоданд, то ин зарфҳо ба мисли тило ҷилоноку зебо шаванд. Зарфҳои кӯҳнаю фарсудаи хонаро мепартофтанд, то ҳама ноомадиҳои соли рафтаро ҳамроҳи онҳо аз манзилашон берун кунанд.

 Ҳамаи шуморо бо ин ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуда, ба хонадони Шумо баракати рузафсун ва ба Тоҷикистони азиз шукуфоии аз ин ҳам бештарро таманно менамоям.

Ҳар рузатон Навруз бод!

Наврузатон фируз бод!