Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ҷамъбасти 3- моҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2025
Ҷаласа таҳти раёсати муовини аввали раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Достизода Абдулазиз Абдурашид доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси Кумита, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои низоми Кумита иштирок намуданд.
Баъди ошноӣ бо рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи муовини аввали раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики стон Достизода Абдулазиз Абдурашид оид ба натиҷаҳои ба даст овардаи корхонаю ташкилотҳои тобеи низоми Кумита дар давраи семоҳаи аввали соли 2025 шунида шуд.
Номбурда иброз доштанд, ки роҳбарият ва аҳли кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он ҳама ғамхорию дастгириҳои рӯзафзуне, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди босуботи соњаи хољагии манзилию коммуналӣ ба харҷ дода мешаванд, миннатдории беандоза зоҳир менамоянд.
Қайд гардид, ки дар 3- моҳаи аввали соли 2025 аз ҷониби кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии мамлакат хизмати шоиста коммуналӣ расонида шуда,аз нақшаю уҳдадориҳои дар наздашон гузошташуда бо муваффақият баромаданд.
Ҷиҳати пайваста зиёд намудани пардохти саривақтӣ ва пурраи маблағҳои андоз ба буҷети давлатӣ тадбирҳои муҳим рӯи даст гирифта шуда, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Иброз дошта шуд, кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 фаъолияти кориашонро ба таври назаррас ба роҳ монда, он вазифа ва уҳдадориҳое, ки пеши онҳо гузошта шудааст бо сарбаландӣ ва бо муваффақият ҷамъбаст намоянд ва дар ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.
Қайд карда шуд, ки мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ҷамъбасти 3-моҳаи соли 2025 корхонаҳои тобеи КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и низоми Кумита ба истифодабарандагон ба маблағи 64 миллиону 178,3 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 8 миллиону 617,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 115,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар робита ба ин, корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – и низоми Кумита ҷиҳати пайваста зиёд намудани пардохти саривақтӣ ва пурраи маблағҳои андоз ба буҷети давлатӣ мунтазам тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, то ки дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ҳиссагузор бошад. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти се моҳи аввали соли 2025 корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – и низоми Кумита ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо 14 млн 122 ҳазор сомонӣ ворид намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба маблағи 10 млн 500,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки 90 фоизи иҷрои нишондодҳои пешбинишуда мебошад.
Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти низоми худ бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ҳамкориро бо ташкилотҳои молиявию қарзӣ ба роҳ монда, ба ин васила аз тарафи ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – и ташкилоти низоми Кумита 471 адад POS-терминал ва 68 адад QR-рамзи ягона таъмин ва насб карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки равзанаи пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ дар замимабарномаҳои бонкии ташкилотҳои молиявию қарзии кишвар ва ҳамёнҳои электронӣ фаъол буда, муштариён метавонанд тавассути онҳо ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намоянд.
Қобили қайд аст, ки 56 корхонаҳои коммуналии тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар онҳо низоми биллингӣ ҷорӣ гардида, фаъол мебошанд, тавассути сервери мутамарказонидашудаи дастгоҳи марказии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – и ташкилоти низоми Кумита назорат карда мешавад. Инчунин, 18 адад корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия дар барномаи биллингии Душанбе Сити Бонк ба қайд гирифта шуда, тавассути он фаъолият менамоянд.
Муовини аввали раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Достизода Абдулазиз Абдурашид ҷаласаро ҷамъбаст намуда иброз доштанд, ки аҳли кормандони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, дар партави истиқболи сазовор аз ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи истеҳсолӣ ва молиявию иқтисодиро пурра иҷро намуда, ҳаҷму сифати хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии мамлакат торафт баланд бардоранд ва дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонию кабудизоркуни ҳиссаи назарраси худро гузоранд.