Қобили қайд аст, ки бо кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ пайваста мавриди амал қарор гирфта истодаанд.
Дар робита ба ин санаи 28 апрели соли 2025 дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои муштараки ҳамоҳангсозони лоиҳаи “Тақвияти имконияти хизматрасонии обтаъминкунӣ тавассути ҷорӣ намудани ченакҳои обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо маблағгузории Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), масъулини КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и низоми ташкилоти Кумита ва мушовирони хориҷӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои муштараки ҳамоҳангсозони лоиҳа, ин ба роҳ мондани Лоиҳаи такмили иқтидор оид ба татбиқи хизматрасониҳои обтаъминкунӣ тавассути ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои ҳаҷмӣ ва ҷорӣ намудани системаи биллингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои татбиқи босамари Лоиҳа, ки механизми паҳн кардани намунаи низоми тарифӣ бо назардошти истеъмоли таъмини оби нӯшокӣ дар сар то сари кишварро инъикос менамояд, мавриди баррасӣ қорор дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, модели системаи ҳаҷми тарифӣ ҷорӣ карда шуда, истифода ва нигоҳдории иншоотҳои обтаъминкунӣ беҳтар мегардад.
Тазаккур бояд дод, ки Лоиҳаи мазкур ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 “Дарбораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” равона гардидааст. Ин ҳадаф метавонад дар таъмини шафофияти ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷом ҳайати коршиносони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ба роҳбарияти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани нахустин ҷаласаи Шӯрои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳои муштаракро дар соҳаи хизматрасониҳои коммуналӣ тақвият хоҳанд бахшид.



