• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи май дар сар то сари мамлакат дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 “ Дар бораи рӯзи дави миллӣ”  чорабинии оммавии “ Дави миллӣ” баргузор мегардад.

   18 майи соли 2025 дар арафаи таҷлили ҷашни  “ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”  дар пойтахти ҷумҳурӣ  “ Марафони велисепедронӣ” ва “ Дави миллӣ” доир гардид.

  Дар  чорабинии мазкур наврасон, ҷавонон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

 Роҳбарияти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини дастгоҳи марказии КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун намояндагони дигар вазорату кумитаҳо ва корхонаю ташкилотҳо дар чорабинии оммавии “ Дави миллӣ” якдилона  иштирок намуданд.

  Мақсад аз баргузории “ Дави миллӣ”  таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавигардонии он миёни аҳолии мамлакат мебошад.

 Чуноне  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “ Варзиш яке аз василаҳои  муҳими ҳифзи таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.”

  Дар  ҳақиқат, варзиш агар аз як тараф муҳофизи тансиҳатӣ ва солимии аҳолӣ ба ҳисоб равад аз ҷониби дигар муарифгари ҳар як халқу миллат  ва давлат дар арсаи олам мебошад. Аз ин рӯ, дар мамлакат барои рушду нумуъ ва тараққии бахшҳои мухталифи варзиш ҳама шароиту икониятҳо фароҳам оварда шудааст.