Дар толори Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор гардид.
Муовини аввали раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Достизода Абдулазиз Абдурашид ба сухан баромада, матни табрикотии раиси Кумитаро қироат намуд.
Қайд гардид, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид ” ҳамасола якшанбеи аввали моҳи июн ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ қайд карда мешавад. Аз ин рӯ, имрӯз барои мо кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ рӯзи хело ҳам хотирмон ва фаромушношуданӣ ба шумор меравад. Ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи идатон самимона табрику таҳният гуфта, тансиҳатию рӯзгори орому осоиштаро бароятон орзумандем ва дар фаъолияти меҳнатиатон бурдборӣ таманно мекунем.
Айни замон кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ баҳри иҷрои бомуваффақонаи масъулияти ба душ доштаашон сайъу талош варзида, дар ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Боиси зикр аст, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов, беҳдошт, нигоҳдошти фонди манзил, баровардану безараргардонии партовҳо, кабудизоркунӣ ва сабзгардонӣ ва амсоли инҳо дигар ваколатҳои ба соҳа марбутбуда ба уҳдаи Кумита во гузошта шуд.
Қабули қарори мазкур ва дигар қарорҳои амалкунанда дар самти хизматрасониҳои коммуналӣ ҳар яки моро водор менамояд, ки масъулияти бештареро эҳсос намуда, дар иҷрои ин ҳадафҳо фаъолияти кориамонро боз ҳам хубтару беҳтар намоем.
Дар ин ҷода ба ҳамаи Шумо барори кор ва бурдбориҳои беназирро таманно дорем.
Иди касбиятон муборак, ҳамкорни азизу гиромиқадр!
Дар охир як қатор кормандони фаъоли соҳа бо грамота ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.