Табрикоти Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал ба муносибати Иди касбии кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ
Ҳамкасбони гиромӣ ва арҷманд!
Иди касбии кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамасола якшанбеи аввали моҳи июн қайд карда мешавад, ки ин барои мо кормандони соҳа боиси ифтихору саодатмандӣ буда, барои ҳар яи мо ҳамчун рӯзи хотирмон ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, Шумо ҳамкорон ва ҳамкасбони азизу гиромиқадрро ба муносибати Иди касбиатон аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, умри бобаракат ва босаодату пурнишотро таманно намуда, тамоми хушиҳои зиндагию рӯзгорро бароятон орзумандам.
Бо шукургузорӣ ва ифтихору сарфарозӣ иброз менамоям, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июли соли 2024 Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Албатта, таъсис ёфтани Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мо кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ масъулияти ҷиддӣ ва бештареро вогузор менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки беҳдошт, ободию шукуфоӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру ноҳияҳо ва муҳити зист, ҳамчунин таъмини аҳолии мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ, ки омили солимӣ ва болидаруҳии ҳар як сокини кишвар мебошад, ба души мо буда, аз меҳнати пурмаҳсул ва пурсамари мову Шумо вобастагии амиқу дақиқ дорад.
Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ рисолати худро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, ки аз хизмати шоёну шиста расонидан ба аҳолии мамлакат иборат мебошад пурзур намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд масъулияти ба душдоштаашонро бо сарбаландӣ ба ҷо биёранд ва хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек ба Шумо барори кор ва муваффақияту бурдбориҳо таманно намуда, бори дигар ин рӯзи саидро ба якояки Шумо муборакбод мегӯем.
Иди касбиатон муборак бошад, ҳамкорони азиз!