Мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо вохӯрӣ ва сӯҳбату мулоқотҳоимасъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилотҳо оид ба стратегияи давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия барои нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гарида истодааст.
Чунин вохӯрӣ дар толори Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии Кумита, кормандони дастгоҳи марказии КВД ” Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ташкилоти низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Вохӯриро, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ бо роҳбарият ва кормандони Кумита ба нақша гирифта шуда буд, муовини аввали раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Достизода Абдулазиз Абдурашид ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки коррупсия ҳамчун зуҳороти номатлуб дар роҳи рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳар як давлату миллат монеъаи ҷиддиро ба миён оварда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро зери хатар мегузорад.
Муқовимат бо коррупсия аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ меҳвари асосии сиёсати роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, маҳз зери сиёсати хирадмандона ва адолатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муқовимат бо ин падидаи номатлуб чораҳои мақсаднок роҳандозӣ шуда, барои муҳайё гардонидани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои муҳими ҳуқуқи амалӣ гардидаанд.
Сипас, Сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияиАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин ба сухан баромада, дар бораи Қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба тасвибрасида ва дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, назару андешаҳои худро баён намуд.
Мавсуф талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муқовимат бо коррупсия”-ро шарҳ дода, иброз намуд, ки мубориза бо коррупсия ин танҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд ва ҳар як аъзои ҷомеъа мебошад, ки кори дастҷамъиро тақозо дорад.
Дар фарҷом муовини аввали раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Достизода Абдулазиз Абдурашид иброз доштанд, ки чунин вохӯриҳо албатта, аз манфиат холӣ набуда, мо кормандони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муқовимат бо коррупсия” масъулияти ҷиддӣ зоҳир менамоем ва дар роҳи пешгирӣ аз ин амали номатлуб саҳми худро мегузорем.