Паёми шодбошии Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал ба ифтихори 28- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони азизу арҷманд! Бо шукургузорӣ ва ифтихору саодатмандӣ метавон иброз дошт, ки 28 сол ин ҷониб мо дар фазои беолоиш ва зери ливои парафшону нусратбахши сулҳу Ваҳдати миллӣ умр ба сар бурда, аз меваҳои шаҳдбори боғи пурнакҳату пургуҳари ин неъмати бадастомада ком ширин мекунем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, Шумо ҳамкасбони гиромиқадр ва дар шахси Шумо пайвандону наздиконатонро ба ин рӯзи саиду муборак аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осоишта ва саодати зиндагиро таманно менамоем ва орзуманди онем, ки бигзор хуршеди нурафшон ва сафобахшандаи сулҳу ваҳдат то абад болои сари мо мардуми шарифу шарафманди тоҷик парафшон бошад.
Мусаллам аст, ки шукуфоии Ватан ва ободию осоиштагии он аз оромӣ ва якдилию ҳамрайъӣ ба миён меояд ва дар ондавлате, ки сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ побарҷост он давлатпайваста дар ҳоли шукуфоӣ ва рушду пешрафт қарор дорад.
Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми худогоҳу ватанпарвари тоҷик ва аз ҳама муҳим саъю талошҳои пайвастаи меъмори ин кохи муҳташам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардуми тоҷикро ба ин рӯзҳои пурфайзу пур аз фараҳу шодмонӣ расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддасу арзишмандтарин дастовард маҳсуб меёбад.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва пайвастаи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон миллати парешони тоҷик ва давлати дар вартаи нобудӣ қарордоштаи тоҷикон муттаҳид гардид, давлати навини тоҷиконаз нав эҳё ва мамлакат обод, гул–гул шукуфон шуд ва натиҷа ин аст, ки имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишотухурсандӣ аз баракати сулҳу ваҳдати сар то сарӣ ҳувайдост.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “ Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд ”.
Дар асл ҳам, ваҳдат — неъмати бебаҳотарин, беҳтариндастовард барои муҳайё гардонидани ҳаёти орому осоиштаи мардум, таҳкими давлату давлатдорӣ ва наҷоти миллат дар ҳама давру замон ба ҳисоб меравад ва ҳар як фарди соҳибдилу соҳибхирадро зарур аст ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ганҷи пурқимат бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Бори дигар ба яко яки Шумо ин рӯзи саиду муқаддасро муборакбод гуфта, орзуманди шукуфоии Ватан, пойдории сулҳу суботи комил ва саодати зиндагии бонишоти Шумо ҳастем,ҳамкорони азиз! Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!