• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушду пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллии ҷумҳурӣ дар самти сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шуда, аҳолии макмлакат марҳила ба марҳила бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардида истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин замина, дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) қаблан  байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мазкур созишномаи грантӣ ба имзо расид, ки дар натиҷаи татбиқи босамари Лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” маркази ноҳия ва 7 деҳаи атрофи он  дар маҷмуъ 50,0 ҳазор нафар аҳолии ноҳия шабонарӯз бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

 Дар ин замина, дар шаҳри Токиои Ҷопон дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” дар давраи ҳисоботӣ, тибқи тартиби муқарраргардида озмуни хариди мол, кор ва хизматрасонӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ  масъулини Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ташкилоти низоми он, яъне КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти сафари корӣ масъулин аз рафти фаъолияти кории Корхонаи таъминоти оби нӯшокии шаҳри Китакюшии Ҷумҳурии Ҷопон боздид ба амал оварда, ба ин васила, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судмад дар самти фаъолияти соҳаи обтаъминкунӣ бо роҳбарияти шаҳри Китакюши вохурӣ ва мулоқот доир намуданд.

Албатта, ин тадбирандешиҳо давоми мантиқии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои судманди шарикони рушд мансуб ёфта, барои рушду пешрафт ва шукуфоии мамлакат ва беҳтару хубтар гардонидани сатҳу сифати зиндагию рӯзгори мардуми кишвар нигаронида шудааст.