• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Дар  толори Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025  ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2025  баргузор гардид.

  Ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Табарзода Ҷамшед Афзал доир гардида, дар кори он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода, муовини аввали раиси Кумита, муовини раиси Кумита, кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и низоми Кумита ва роҳбарони корхонаю  ташкилотҳои низоми Кумита  иштирок намуданд.

  Баъди ошноӣ бо рӯзномаи ҷаласа  муовини аввали раиси  Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Достизода Абдулазиз Абдурашид оид ба натиҷаҳои ба даст овардаи  Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар 6- моҳаи  аввали соли 2025  ҳисобот дод.

  Номбурда иброз доштанд, ки солҳои охир  бо дастгириҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бемайлон рушд намуда,ба натиҷаҳои неку назаррас ноил гардида истодааст.

  Ин ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни  роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат мо кормандони соҳаро водор менамояд, ки бо масъулияти баланд меҳнат намуда, нақшаҳои истеҳсолиамонро барзиёд таъмин ва соҳаро ба натиҷаҳои назаррас ноил гардонем.

  Қайд гардид, ки дар  6 – моҳаи аввали  соли 2025  кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар иҷрои  нақшаю уҳдадориҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ баромада, хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии мамлакат дар сатҳи лозима ба роҳ монданд.

  Сипас, директори генералии КВД “ Хоҷагии  манзилию коммуналӣ”  Каримзода Парвиз ва директори  КВД  “Сохтмони асосӣ ва таъмир”  Носирзода Абдулвоҳид  аз натиҷаҳои ба дастовардаи кормандони соҳаҳои номбурда дар нимсолаи аввали соли 2025 гузориш доданд.

  Дар фарҷоми ҷаласа  раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал аз фаъолияти нимсолаи ташкилотҳои низоми Кумита   натиҷагирӣ  намуда, иброз доштанд, ки бо вуҷуди он ҳама дастоварду бурдбориҳое, ки дар фаъолияти корхонаю  ташкилотҳои низоми Кумита  ба назар мерасанд, ҳоло ҳам камбудию норасогиҳое низ ҷой доранд, ки ба пешрафту фаъолияти корхонаю ташкилотҳо монеъа эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, роҳбарон ва кормандони идораю ташкилотҳоро  лозим меояд барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд ва хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

  Иброз дошта шуд,  роҳбарият ва  кормандони  ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минбаъда низ фаъолияти кориашонро  боз ҳам ҷоннок намуда,  он нақшаю вазифа ва  уҳдадориҳои   дар назди худ гузошташударо  бо сарбаландӣ ва бо ҳисси балади ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ ба иҷро расонида, дар ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳми муносиби  худро гузоранд.

  Аҳли кормандони корхонаю ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва софдилона меҳнат намуда,  кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни пуршукӯҳи  мамлакат 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои  арзанда ва фаъолияти пурсамар истиқбол намоянд.