• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   29- уми июли соли 2025 дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи  намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷамъбасти 6- моҳаи аввали  соли 2025  нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

  Дар нишасти матбуоти раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед  Афзал, муовини аввал, муовин, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода, роҳбарон ва масъулини  корхона ва идораю ташкилотҳои низоми Кумита иштирок намуданд.

  Чун муқаррарот, сараввал раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал   мухтасар баромад намуда, фаъолияти Кумитаро  дар давоми шаш моҳи аввали  соли 2025 натиҷагирӣ намуданд.

  Таъкид гардид, ки ба унвонии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  то санаи 1- уми июли соли 2025 аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 306 адад мактуб ворид гардида, аз ин шумора 233 адади он иҷро шуда, боқӣ дар ҳолати иҷро ва баррасӣ қарор дорад.

  Ҳамчунин аз ҷониби Мақомати иҷроияи маҳаллӣ ва корхонаҳои тобеъ 337 мактуб ва 14 муроҷиат тариқи хаттӣ аз тарафи шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ва аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.  Дар маҷмуъ  мактубу муроҷиатҳои воридотӣ  657 ададро ташкил медиҳад, ки 88 адади он мактуби назоратӣ буда, тибқи муқаррарот дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷрои онҳо таъмин гардидааст.

  Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 аз ҷониби раиси Кумита барои ҷалби сармояи  хориҷӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 18 вохӯрӣ ва мулоқот бо намояндагони  созмону ташкилотҳои ҳампаймони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  

  Ҳамчунин қайд карда шуд, ки  дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали  соли 2025   корхонаҳои тобеи ташкилотҳои  низоми Кумита воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти  ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон  ба маблағи 127 млн 301, 2 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 8 млн 661,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 107,3  фоизро дар бар мегирад.

  Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ корхонаҳои тобеи ташкилотҳои  низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти  натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025   ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи  ҳамаи намуди андозҳо 29 млн  940 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд.

  Корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар  ҳамин давра  ба истифодабарандагон ба маблағи 57 млн 511,2 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналиро ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 7 млн 329, 6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 114 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

  Баровардани партовҳои сахти маишӣ то санаи 1 июли соли 2025  260 ҳазор метри кубӣ, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан 57,7 ҳазор бех, шинонидан гулу гулбуттаҳои мавсимӣ 2 млн 79,5 ҳазор дона ва харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ 6 ададро ташкил дод.

  Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи КВД  “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ” воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҷамъбасти фаъолияти  шашмоҳаи аввали соли 2025  ба истифодабарандагон ба миқдори  43 млн 574,4 метри кубӣ оби нӯшокӣ интиқол дода, баровардани партовобҳоро  бошад  ба 12 млн 644,1  метри кубӣ расониданд.

  Дар самти  сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои соҳа дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бо кӯмак ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншоотҳои соҳа, аз он ҷумла обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо сармояи институтҳои молиявӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи босамари лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.

  КВД  “ Сохтмони асосӣ ва таъмир”- и низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2025 иҷроиши корҳои сохтмониро 13 млн 806 ҳазор сомонӣ ( бо назардошти сарфа ва назорати техникӣ) барои таҷдиду барқарорсозии 37 адад иншооти оби нӯшокӣ, канализатсия ва хоҷагии манзилию коммуналии  шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат, ки аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, иҷро намудааст, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 5 млн 057 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 63 фоизро ташкил медиҳад.

  Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал  иброз доштанд, ки роҳбарият ва  кормандони  ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минбаъда низ фаъолияти кориашонро  боз ҳам ҷоннок намуда,  он нақшаю вазифа ва  уҳдадориҳои   дар назди худ гузошташударо  бо сарбаландӣ ва бо ҳисси балади ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ ба иҷро расонида, дар ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳми муносиби  худро мегузоранд.

  Сипас, ҳангоми  саволу ҷавоб хабарнигорон бештар ба масъалаҳои таъминоти оби нӯшокӣҳолати партовгоҳҳо дар ҷойҳо, пардохтҳои ғайринақдӣ дар самти хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саволҳо пешниҳод намуданд.

  Раиси Кумита Табарзода Ҷ. А. ва масъулони корхона ва идораю ташкилотҳои низоми Кумита ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.