Categories: Хабарҳо
Шабакаи «Ҷавонон барои об ва иқлим» (Y4WC) нишасти солонаи худро 11-12 август дар шаҳри Душанбе баргузор намуда, дар он муовини Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Расулзода Раҷабалӣ ва роҳбарони ҷавонону коршиносони соҳаи муҳити зист иштирок ва суханрони намуданд, ки бахри пешбурди идоракунии устувори захираҳои об ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон гирди ҳам овард.
Иштирокдорон гузориши солонаро барои солҳои 2024–2025 баррасӣ карда, Нақшаи амали ҷавонон дар соҳаи об ва иқлим барои солҳои 2025–2030-ро муҳокима карданд.