• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

        Ҳамкасбони гиромӣ ва  ҳамкорони арҷманд!

  Инак, мо дар остонаи ҷашни пуршукӯҳ ва саодатбору пурнишоти  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии азизамон, Тоҷикистони бароямон  муққаддас қарор дорем.                   

  Истиқлолият мояи ифтихор ва сарфарозию сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба ҳисоб меравад, зеро соҳибистиқлолӣ ба мардуми тоҷик волотарин ва пурарзиштарин дастовардҳои миллию давлатиро эҳдо намуд. Ин неъмати гаронарзиш дар пайи худ нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистии  осоиштаро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз фароҳам  овард ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.   

  Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи олам нуфӯзу мартабаи хоси худро пайдо кард ва бо сарвари хирадманду накӯпешааш, Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту натиҷаҳои бузурге ноил гардид, ки  мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистонро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд ва шӯҳратёру шӯҳратманд гардонид.   

  Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта ва рӯ ба рушду тараққиниҳода табдил ёфта,   зиндагию рӯзгори марум гуворо ва  осоишта ва дилфиребу рангин гардидааст.   

  Дар тули 34-соли соҳибистиқлолии мамлкат, кишвари азизи мо дар ҳама самтҳо ба пешрафту натиҷаҳои неку назаррас ноил гардид, ки ин боиси сарфарозӣ ва ифтихору саодатмандии ҳар фарди соҳибдилу соҳибватан мебошад.

  Мо, кормандони  Кумитаи хоҷагиии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки    пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи коммуналӣ, идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов, беҳдошт, баровардану безарар намудани партовҳо, ободонӣ, нигоҳдошти фонди манзил ва сабзу хуррамгардонӣ ҳамчун ваколати  касбӣ ба зимаи мост, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидем ва  пеши худ мақсад мегузорем дар роҳи иҷрои вазифаҳои ба душтоштаамон софдилона ва собитқадамона меҳнат намуда, рисолати худро дар назди халқу ватан бо сари баланд ба иҷро расонем.  

  Бо истифода аз фурсати муносиб,  Шумо ҳамкасбон ва ҳамкорони азизро бо фарорасии ин ҷашни муқаддаси миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ аз самими қалб табрику таҳният гуфта, хонаободӣ, сарсабзию шукуфоӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуда, таманно мекунем, ки ҳамеша хуршеди соҳибистиқлолӣ,  сулҳу озодӣ ва Ваҳдати комил бо нурҳои сафобахшандаю пурҷилояш болои сари ҳама мардуми тоҷику тоҷикистонӣ парафшон бошад ва аз саодату нусрати Истиқлолият фазои зиндагию рӯзгоратон пур аз  суруру нишот бошад !

  Ҷашни 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамкорон ва ҳампешагони гиромиқадр!