• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ, 34 – умин солагарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони “Истиқлолият- ормонҳои деринтизори миллати тоҷик” ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 Дар ҳамоиш муовини аввали раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Достизода, муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Расулзода, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Каримзода  ва ба ҳайси меҳмон директори Маркази омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ  Назираи Амирбекзода, ҳамчунин кормандони ташкилоту идораҳои зертобеи Кумита иштирок намуданд.

 Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

 Сипас, Абдулазиз Достизода табрикоти раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзалро ба саҳми ҳозирин расонд.

 Зимни суханронии хеш директори Маркази омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ  Назираи Амирбекзода дар бораи Истиқлолият- ҳамчун меъвари асосии давлатдорӣ, эҳёи давлатдории навини тоҷикон ва хизматҳои шоёну шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Истиқлолияти комил, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамрайъии мардуми тоҷик андешаронӣ намуд.

 Номбурда аз ҷумла қайд намуд, ки маҳз  сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он сабаб гардид, ки дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил ба пуррагӣ ҳукумрон ва Истиқлолияти давлатӣ бо ҳама ҳастӣ ва бо ҳама имконоти доштааш пойбарҷо гардид ва  Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуд ва обрӯю эътибори худро афзун намуд.

 Дар охири ҷаласа ба як қатор  роҳбарон ва кормандони  ташкилоту идораҳои низоми Кумита, ки дар пешрафти соҳа саҳми муносибу арзанда гузоштаанд, аз номи роҳбарияти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.