Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушду пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат дар самти сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои заруриро рӯи даст гирифта,марҳила ба марҳила аҳолии мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда мешавад.
Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Трҷикистон ва кӯмаки молиявии шарикони рушд дар ҷумҳурӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ як қатор лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амал мекунад.
Дар ин замина, дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар таърихи 08 августи соли 2024 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мазкур созишномаи грантӣ ба маблағи умумии 14, 0 миллион доллари ИМА ба имзо расид.
Вобаста ба ин, 15 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон маросими расмиигузоштани санги асос барои оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” баргузор гардид.
Албатта, ин ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд ва ҳампаймони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати бобарор ва судманди хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики хориҷ ба миён омада, пайваста густариш меёбад.
Дар ин чорабинии тантанавӣ сафири фавқулода ва Мухтори Ҷопон хонум Фурута Кейко, намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имаи Сейҷу, муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Достизода, муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода, директори генералии КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Каримзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмуд Амирзода, гурӯҳҳои татбиқи лоиҳа ва масъулини ширкатҳои сохтмонӣ иштирок намуданд.
Тибқи Лоиҳа корҳои сохтмонӣ моҳи сентиябри соли 2025 оғоз гардида, соли 2027 ба анҷом расонида мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи босамари Лоиҳаи “ Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” маркази ноҳия ва 7 деҳаи атрофи он дар маҷмуъ 50, 0 ҳазор нафар аҳолии ноҳия шабонарӯз бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегардад.
Ин иқдомот давоми мантиқии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018- 2028 ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон мансуб ёфта, барои рушду пешрафт ва шукуфоии мамлакат ва беҳтару хубтар гардонидани сатҳу сифати зиндагию рӯзгори мардуми кишвар мебошад.





