Дар толори Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2025 доир гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода, муовини аввали раиси Кумита, муовини раиси Кумита, кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и низоми Кумита ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳои низоми Кумита иштирок намуданд.
Сараввал рӯзномаи ҷаласа пешниҳоди ҳозирн гардонида шуд. Оид ба натиҷаҳои ба даст овардаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9- моҳи соли 2025 ҳисоботи муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Раҷабалӣ Абдусаид шунида шуд.
Номбурда иброз доштанд, ки солҳои охир бо дастгириҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бемайлон рушд намуда,ба натиҷаҳои неку назаррас ноил гардида истодааст.
Ин ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат мо кормандони соҳаро водор менамояд, ки бо масъулияти баланд меҳнат намуда, нақшаҳои истеҳсолиамонро барзиёд таъмин ва соҳаро ба натиҷаҳои назаррас ноил гардонем. Қайд гардид, ки дар 9 – моҳи соли 2025 кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои нақшаю уҳдадориҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ баромада, хизматрасониҳои коммуналӣ, хосатан таъмини аҳолии мамлакатро бо оби тозаи нӯшокӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монданд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал аз фаъолияти 9- моҳаи ташкилотҳои низоми Кумита натиҷагирӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ин давра фаъолияти корхонаю ташкилотҳои низоми Кумита назаррас буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.
Махсусан, бо татбиқи Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ки бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат ва кӯмаки молиявии шарикони рушд рӯи даст гирифта шудааст, таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳу деҳкадаҳои мамлакат бо оби тозаи безарар беҳтар гардида истодааст.
Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал иброз доштанд, ки роҳбарият ва кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбаъда низ фаъолияти кориашонро боз ҳам ҷоннок намуда, рисолати худро дар роҳи амалӣ намудани он нақшаю вазифа ва уҳдадориҳои дар назди худ гузошташуда бо сарбаландӣ ва бо ҳисси балади ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ ба иҷро расонида, дар ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.














