
Табрикоти раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конститутсия – рамзи садоқату саодат
Таззакур бояд дод, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нақши таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Конститутсия барои ҳар як давлати соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз эътироф мегардад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда шудааст.
Ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон марҳилаи дигаргунсозиҳои куллӣ дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсияи наве, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд, барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ заминаҳои дар асл ҳам ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Оғози ин ҳама бунёдгузориҳо дар низоми қонунгузорӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, асосгузори низоми ҳуқуқии миллӣ бо номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст ва маҳз ана дар ҳамин иҷлосияи таърихию тақдирсоз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор пешниҳоду таклифҳои барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, алалхусус гурезаҳо ва такмили қонунгузорӣ назару андешаҳои хешро иброз доштанд.
Конститутсия ифодагари ҳама орзую ормонҳои миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик гардид ва бо қабули ин санади тақдирсоз дар мамлакат ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна мешиносад ва эътироф менамояд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Конститутсия мардуми Тоҷикистонро зери ливои якдилӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамрайъӣ муттаҳид намуда, барои боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азиз, Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамун гардонидааст.
Ҳамкорони гиромиқадр! Бо даст додан аз ин фурсати муносиб, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо ифтихору сафарозӣ ин рӯзи саиду муборак, Рузи қабули Бахтномаи миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд, Шумо ва дар шахсияти Шумо пайвандону наздиконатонро аз самими дил табрику шодбош мегӯям.
Хонаободию тансиҳатӣ, саодату сафо ва зиндагии осудаю осоиштаро зери ливои парафшони озодию якдилӣ ва ҳамрайъӣ бароятон таманно дорам, ҳамкасбону ҳамкорони гиромиқадр! Идатон муборак бошад!