• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо таҳлили дигаргуниҳо ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифт, кормандони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона  тамошо намуданд.   Ҳангоми ироаи Паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳлилу натиҷагирии музаффариятҳо ва нақшаҳои амалигардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки рушди устувор дар мамлакат боло рафта, сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

 Барои ноил шудан ба ин мақсад дар баробари таъсири  манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар натиҷаи  татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегия ва барномаҳо ва тадбирҳои муассир пешрафти тамомти соҳаҳо таъмин гардид.

 Аз ҷумла қайд гардид, ки ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои  макроиқтисодӣ,  фаъолияти босуботи низоми бонкӣ,  афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ  тақвият ёфта,  рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи зарурӣ ба даст омад.

 Дар натиҷа сатҳи некуаҳволии мардум татриҷан баланд шуда,  даромади пулии аҳолӣ  рӯ ба  беҳбудӣ ниҳода, музди  миёнаи меҳнат дар кишвар афзоиш ёфт. 

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки бо истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот,  суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи нерӯи зеҳнӣ ва беҳтар намудани сифати  хизматрасониҳои иҷтимоӣ бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон, ки ҳамасола  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян карда,  вазифаҳои муҳимро барои пешрафт ва рушду тараққии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мамлакат пешниҳод менамояд.