• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

        Ҳамкасбону  ҳамкорони  гиромиқадр !

 Инак, мо дар остонаи Соли нави мелодии 2026 қарор дорем ва соли 2025, ки аз ҳаёти мо сипарӣ шуд, бо ҳама бурдборӣ, дастоварду комёбӣ ва  навгониҳояш дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳо заррин сабт  мегардад.                     

 Барои мардуми сарбаланди  Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 2025 соли рӯйдодҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд ва дар ин сол давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими  таърихӣ ноил гардид.

 Рӯйдоди муҳиме, ки дар  моҳи марти соли 2025 рух дод, ин  интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҳамчун    чорабиниҳои муҳим дар ҳаёти сиёсии мамлакат ба шумор рафта, бо иродаи неки мардуми кишвар  дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

 Рӯйдоди дигари таърихие,  ки дар соли 2025 ба вуқуъ пайваст ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад,  ки орзуи деринтихзори ду миллати ба ҳам дӯсту ҳамсоя  буд, ки бо ба имзо расидани шартномаи сарони ду давлат ба миён омад ва  барои дар оянда густариш додани равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманду манфиатовари  ду давлат  заминаи дар асл ҳам воқеъӣ гузошт.

 Дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар бораи амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро доир гардид.

 Боиси зикр аст, 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

 Умуман, чуноне дар боло ишора намудем соли 2025 соли ташаббусҳои нек ва созанде буданд, ки нуфузу мартабаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмиллалӣ боло бардоштаанд.

 Мо мардуми шарифу шарафманди Тоҷикистон   қадам мегузорем боз  ба як соли пур аз масъулият ва пурифтихор – Соли нави мелодии 2026. Соле, ки барои мардуми тоҷик соли истиқбол аз 35- солагии Истиқлоияти давлатии ҷумҳурии азизамон мебошад.

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин солро маҳз ба хотири   истиқболи сазовори  ин ҷашни бошукӯҳ  “Соли вусъат додани корҳои  ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии  миллӣ” эълон доштанд, то ин ки ҳар як фарди бонангу номӯс ва ватанхоҳу ватанпарвар дар ободиву созандагӣ, бунёдкорӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳмгузор бошанд ва Ватани азизи худро аз ҳарвақта дида боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу шукуфо гардонанд.

 Дар назди мо кормандони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ҷиддӣ баҳри  ободониву хуррамгардонии ҳар як гӯшаю канори кишварамон меистад ва мо бояд бо ҳисси баланди ватандорию  ватанпарастӣ ин рисолати худро дар назди халқу Ватани худ ба ҷо биёрем.  Мо аҳли кормандони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа мегузорем, ки дар самти ободонию кабудизоркунӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист  ва аз ҳама муҳим таъмини аҳолии мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми худро гузорем ва ҷашни  фархундаи 35- солагии Истиқлолияти давлатирии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнати дастҷамъона ва фидокорна истиқбол гирем.

 Дар Соли нави мелодӣ ба ҳамаи Шумо ҳамкорон ва ҳампешагони азиз пеш аз ҳама тани сиҳат, рӯзу рӯзгори хушу босаодат хоҳонем  ва  таманои онро дорем , ки қудуми Соли нав ба мамлакати азизамон ва хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат биёрад ва дар фазои Тоҷикистони  соҳибистиқлоламон хуршеди сулҳу ваҳдат ва оромию осиштагӣ мудом парафшон бошад!

                                    Соли нави мелодӣ муборак, дӯстони азиз, ҳамкорони меҳрубон!