• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва самтҳои асосии фаъолияти он барои соли 2026 дар толори  Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.    

 Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Табарзода Ҷамшед Афзал, намояндаи  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода, муовини аввали раиси Кумита, муовини раиси Кумита, кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и низоми Кумита ва роҳбарони корхонаю  ташкилотҳои низоми Кумита  иштирок намуданд.

 Сараввал, рӯзномаи ҷаласа тасдиқ гардида, сипас раиси  Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал оид ба натиҷаҳои ба даст овардаи  ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар   соли 2025  ҳисобот дод.

 Номбурда иброз доштанд, ки рушди бемайлони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки солҳои охир ба назар мерасад, ин бевосита шаҳодати дастгириҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ  мебошад.

 Албатта, ин дастгирӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти  давлат ва ҳукумати мамлакат ҳар яки мо кормандони соҳаро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар меҳнат кунем ва он нақшаю уҳдадориҳое, ки дар назди худ гузоштаем  бо сарбаландӣ таъмин намуда, соҳаро ба муваффақияту дастовардҳои наҷиб ноил гардонида, хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии мамлакат хубтару беҳтар ба роҳ монем.  

 Раиси Кумита ҳангоми суханрониашон иброз доштанд, ки   соли 2025 барои  кормандони ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бобарор буд  ва кормандони ташкилотҳои низоми Кумита дар соли сипаришудаи 2025 нақшаю уҳдадориҳои дар наздашон гузошташударо бо сарбаландӣ таъмин намуда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат хизматрасониҳои хуби коммуналӣ расонидад.  

 Қайд гардид, ки соли 2026 барои ҳар як сокини мамлакат соли махсус ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи муҳими  умумимиллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 – ро “ Соли вусъат додани корҳои  ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии  миллӣ” эълон доштанд. Ин дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки  бо руҳияи баланди Ватандорӣ  ва бо ҳувияти баланди миллӣ меҳнат намуда, дар ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон саҳми боарзиш гузорем ва  35- солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо корҳои шоистаю наҷибона ва меҳнати софдилона истиқбол намоем.