Бо дарназардошти сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди неруи инсонӣ, дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, такмили ихтисос ва ҷалби онҳо ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, омода намудани мутахассисони ҷавони баландихтисос барои соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт ҳамчун омили муҳимми таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Барномаи мукаммали ҷалби ҷавонон ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт оғоз гардид, ки дар доираи Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт (WSIP-1) амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардида, ба беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои боэътимоди оби нӯшокӣ ва таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифату устувории хизматрасонӣ равона шудааст. Агентҳои иҷрокунандаи лоиҳа Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Барномаи мазкур тавассути роҳандозии ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои соҳавӣ, ташкили чорабиниҳои амалӣ, имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва рушди малакаҳои касбӣ, барои омода намудани мутахассисони ҷавони баландихтисос замина фароҳам меорад.
Дар доираи оғози барнома, 17 феврали соли ҷорӣ Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идоракунии лоиҳаҳои рушди инфрасохтори коммуналӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» ба имзо расонида шуд. Ёддошти мазкур ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти омода намудани кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷавонон ба касбҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт, инчунин фароҳам овардани шароит барои таҷрибаи амалӣ ва ҳамкории мустақими донишҷӯён бо ташкилотҳои соҳавӣ равона гардидааст. Ҷонибҳо зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва тадбирҳои минбаъдаи татбиқи барномаро бо мақсади рушди устувори соҳа ва таҳкими иқтидори кадрӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии иттилоотии интерактивӣ бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди соҳа, имкониятҳои нави касбӣ ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед ва муовини Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Раҷабалӣ бо донишҷӯён мулоқоти озод анҷом дода, доир ба афзалиятҳои рушди соҳа, талабот ба мутахассисони ҷавон, малакаҳои зарурӣ ва имкониятҳои рушди касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Татбиқи чунин ташаббусҳо қадами муҳим дар самти ташаккули насли нави мутахассисони соҳавӣ буда, ба рушди устувори бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт ва таҳкими иқтидори институтсионалии соҳа мусоидат менамояд.



