• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Табрикоти раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Афзал ба ифтихори Рӯзи Модар.

Модарони азиз ва бонувони гиромӣ! 

Ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми модарон ва бонувони ҷумҳурӣ ин рӯзи наку ва муқадамро табрику таҳният гуфта, тансиҳатӣ, хонаободӣ ва рӯзгори пурнишоту босаодатро бароятон таманно мекунем. Хоҳони он ҳастем, ки баҳори умратон ҳамеша пурнакҳату шукуфарез ва хуршеди саодату сафо ҳамеша болои саратон нурафшон бошад. 

Муқаддастарин ва шевотарин вожае, ки мо ба забон меорем ин номи Модар аст ва бо ба забон овардани ин каломи муқаддас пеши рӯ симои нуронӣ, чеҳраи зебою дилкаш ва шахсияти бароямон азизу муқаддас, ганҷи аз ҳама гаронмоятарини мавҷуди рӯи замин ва сароғози ҳастӣ ва сарооғози зиндагӣ ба ҷилва меояд.

Дар асл ҳам, Модар ягона шахси муҳтарам ва азизи дилу дидаҳост, ки ҳастияш ҳастии насли башар, вуҷудаш саршори меҳру муҳаббат ва худ мунису ғамхор ва ғамгусори дилу дидаҳо мебошад.

Модар бо садоқату саодаташ зиндагиро таровати тоза мебахшад ва амсоли Хуршед аст, ки ҷаҳону зиндагиро бо нуру зиёи хеш мунаввар мегардонад. 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургии Модарро ситоиш намуда мефармоянд, ки: “Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.”

Дар ҷумҳурии мо нақш ва мақоми Зан-Модар ҷойгоҳи махсусро соҳиб гардидааст ва пайваста зери ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад.

Занони арҷманди кишвари мо бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳпарварона, созандаю бунёдгарона ва ободгаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойдории сулҳу субот, ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор гузошта, дар рушду нумуъ ва тараққиёти мамлакати азизамон ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Боиси қайд аст, ки оғози нахустин рӯзҳои фасли пурнакҳату шукуфои баҳор ба Рӯзи Модар рост меояд, ки ин албатта, ҳикмати худро дорад, зеро ҳусни нотакрори навбаҳорро ҳусни зебои зан таровату назокати дигар мебахшад. 

Бо пайғомҳои неку орзуҳои пур аз нишот бори дигар Рӯзи Модарро бароятон шодбош мегӯем ва хоҳони шодию сарбаландӣ ва рӯзгори хушу босаодати Шумо ҳастем. 

Идатон муборак бошад, модарони арҷманд ва бонувони саодатманд !