• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Наврӯз ҷузъи тамаддуни башарӣ

 Қудуми мубораку файзбори баҳори нозпарвар ва Наврӯзи хуҷастапайро, ки бо баракату нусраташ, бо шукӯҳушаҳоматаш, бо ҷилои нурҳои хуршеди сафобахшандааш ба диёри сарсабзу ҳамешабаҳори мо Тоҷикистони азиз омадааст, ба Шумо ҳамкорон ва ҳамкасбони гиромиқадру арҷманд самимона ва сидқан муборакбод мегӯем. Тани сиҳат, рӯзгори босаодат ва сарбаландию сарфарозӣ бароятон таманно намуда, хоҳони он ҳастем, ки рӯзгоратон осудаю пур аз нишот бошад ва баҳори гулафшони умратон ҳаргиз рӯи хазонро набинад. 

 Аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, ки Наврӯз яке азқадимтарин  ва бонуфузтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ маҳсуб ёфта, аз  қадимулайём то ба имрӯз шукӯҳу шаҳомати худро гум накардааст. Васфи Наврӯз ҳамчун соли нав, айёми бедории табиат, баробарии шабу рӯз ва оғози корҳои деҳқонӣ дар осори  назмию насрӣ ва рисолаю достонҳои шоирону нависандагони гузаштаю имрӯза ҳамаҷониба  таҷассум ёфтааст.

 Ифтихори мо мардуми сарбаланди тоҷик аз он аст, ки маҳз бо ибтикороти пайваста  ва саҳми арзишманди фарзанди фарзонаи миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва шукӯҳу шаҳомати Наврӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.  Шаҳодати ин гуфтаҳо ин аст, ки 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуд ва ҳамасола дар ҷаҳон бо хусусиятҳои хоси тоҷиконааш  бо шаҳомат ва суруру шодмонӣ  истиқбол гирифта мешавад. 

 Наврӯз рамзи фидокорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тозагию хуррамӣ буда, ҳамасола дар сар то сари сарзамини азизамон бо нақшаҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ  ва сабзкорию ободонӣ истиқбол гирифта мешавад.

 Роҳбарият ва кормандони Кумитаи хоҷагии манзилиюкоммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораю ташкилотҳои низоми Кумита Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, барои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва хизмати шоиста расондан ба аҳолии мамлакат пайваста заҳмат кашида, бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суботкорона меҳнат намуда, саҳми арзишманди худро дар ободонӣ ва шукуфоии Ватани азизамон мегузоранд.

 Бори дигар Ҷашни хуҷаста ва фархунадаю фирӯз- Наврӯзи сабздомону сабзпайкарро ба Шумо муборакбод мегӯем.  Наврӯзатон муборак бошад, ҳамкорони азизу арҷманд!