Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори коммуналӣ, санаи 02 апрели соли 2026 дар бинои Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғо Хон бо иштироки раиси Кумита Табарзода Ҷамшед Афзал ва Директори иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғо Хон Кишвар Абдуллоев расман ба имзо расонида шуд.
Ёддошти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Фонди Тоҷикистонии Оғо Хон ва бо дастгирии молиявии шарикони рушд, аз ҷумла Дафтари Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, амалӣ гардида, ба татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории ҷомеа тавассути воситаҳои пойдори зиндагӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Сангвори минтақаи Рашт» нигаронида шудааст. Дар доираи Ёддошти мазкур татбиқи лоиҳаи инфрасохтории «Беҳсозии таъминоти оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Сабзазори ноҳияи Тоҷикобод» пешбинӣ гардида, он яке аз иқдомҳои муҳими иҷтимоӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати коммуналӣ ба ҳисоб меравад.
Қобили таъкид аст, ки татбиқи ин лоиҳа барои таъмини зиёда аз 600 хоҷагӣ бо оби тозаи нӯшокӣ равона гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти санитарӣ, пешгирии бемориҳои вобаста ба об ва рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.
Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси Фонди Тоҷикистонии Оғо Хонро дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуналӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот, баланд арзёбӣ намуда, изҳори итминон менамояд, ки ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳим ва иҷтимоӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Имзои Ёддошти ҳусни тафоҳум боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати коммуналӣ, аз ҷумла таъминоти оби нӯшокӣ, мебошад.



