• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Табарзода Ҷамшед Афзал, муовини аввали раиси Кумита, муовини раиси Кумита, кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и низоми Кумита ва роҳбарони корхонаю  ташкилотҳои низоми Кумита  иштирок намуданд.

 Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа муовини аввали раиси  Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Достизода  аз натиҷаҳои ба даст овардаи ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2026    ҳисобот дод.

 Дар 6 – моҳаи аввали соли 2026  соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бемайлон рушд намуда, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, иброз доштан Абдулазиз Достизода.

 Қайд гардид, ки пешрафт ва рушди соҳа, ки сол аз сол боз ҳам бештару хубтар ба назар мерасад, ин пеш аз ҳама  далели дастгириҳои рӯзафзун ва пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад..

 Мо кормандони соҳа ҷавобан ба кӯмаку дастгириҳои роҳбарияти  давлат ва ҳукумати мамлакат аз ҳарвақта дида бештар меҳнат мекунем ва он нақшаю уҳдадориҳое, ки  дар назди худ гузоштаем бо руҳияи баланди меҳнатӣ ба иҷро расонда, пешрафти соҳаро аз ин ҳам бештар таъмин намуда, хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии мамлакат хубтару беҳтар ба роҳ мемонем.

 Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Табарзода Ҷамшед Афзал дар фарҷоми ҷаласа ба сухан баромада, иброз доштанд, ки   соли 2026 барои мардуми шарифу шарафманди Тоҷикистон соли пурифтихор ва соли дастоварду комёбиҳост. Мардуми сарбаланди кишвар имсол 35- уми солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳуриро бо сарбаландӣ истиқбол мегиранд. Дар ин радиф мо кормандони соҳаи коммуналӣ низ ин санаи муҳими таърихиро бо нишондиҳандаҳо меҳнатӣ ва бо ҳисси баланди ватандорию ватанпарварӣ ва масъулиятшиносӣ истиқбол мегирем.

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 – ро “ Соли вусъат додани корҳои  ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии  миллӣ” эълон доштанд. Ин дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муҳими  умумимиллӣ барои ҳар яки мо сокинони мамлакат раҳнамо ва дастури муҳим ба ҳисоб рафта, водорамон  месозад, ки  бо руҳияи баланди Ватандорӣ  ва бо ҳувияти баланди миллӣ меҳнат намуда, дар ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон саҳми боарзиш гузорем ва  35- солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо сари баланд ва  меҳнати софдилона истиқбол намоем.