Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номалуб дар ҷаҳони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳим ва мушкилоти ҷиддӣ мубадал ва боиси ташвиш ва нигаронии тамоми давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Мубориза бар зидди ин ангезаи хатарнок барои ҳар як фарди бедордил, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарзи виҷдонӣ ва масъулияти ватандорӣ маҳсуб меёбад.
Мусаллам аст, ки ин амал ҳамчун як ҳодиса дар тули таърих пайваста тағйир меёбад ва чун тартиботи сиёсию иқтисодӣ мураккаб мегардад он дар шакли нав зуҳур мекунад.
Яке аз зуҳуроти номатлуби коррупсия дар он эҳсос мешавад, ки пеш аз ҳама ба рушд ва пешрафту тараққиёти давлатҳо монеъ мегардад. Аз ин рӯ, зарурате ба миён омада, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои решакан кардани ин хатари иқтисодию иҷтимоӣ чораҳои мушаххаси қонуниро роҳандозӣ намояд.
31 октябри соли 2003 оид ба пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва хосатан муборизаи беамон бурдан бар зидди коррупсия Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид ба тасвиб расид ва 9 декабри соли 2003 дар Конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ин Конвенсияро ҷонибдорӣ намуданд ва барои қабули он райъи худро доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, онро ба низоми ҳуқуқии кишвар шомил намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткориҳои хусусияти коррупсионидошта ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, аз байн бурдану бартараф намудани такроркунии вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини одилона ва баланд бардоштани фаъолияти назоратӣ 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дод.
Дар ин самт , бо мақсади банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва санадҳои соҳавӣ ва ҳамчунин “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва аз байн бурдан ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда мусоидати бештаре менамоянд.
Маълум аст, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, бо коррупсия ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб тақозои онро дорад, ки мо ҳама бояд дастаҷамъона муборизаро бар зидди он пурзур намоем. Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонамонро баланд бардорем ва давлату миллатамонро аз ин амали нопок, ки теша бар решаи иқтисодиёти миллиамон мезанад, ҳифз намоем.
Мо кормандони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста миёни кормандони худ оид ба зарари оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ҳар як хатаре, ки дар натиҷаи сар задани омилҳои коррупсионӣ ба миён меояд, ба онҳо мефаҳмонем.
Мо кормандони Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста миёни кормандони худ оид ба зарари оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ҳар як хатаре, ки дар натиҷаи сар задани омилҳои коррупсионӣ ба миён меояд, ба онҳо мефаҳмонем.
Роҳбарияти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту корхонаҳои низоми он дар самти муқовимат бо коррупсия масъулияти бештаре зоҳир намуда, муборизаи дастҷамъонаю софдилонаро бар зидди ин фасоди молӣ пурзур менамояд.
Сангинзода Бахтиёр Бобоҷон
Сардори шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсуси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сардори шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсуси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.