• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  8 сентябри соли 2026 дар дастгоҳи марказии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
  Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳои низоми Кумита, инчунин меҳмони гиромиқадр — номзади илмҳои таърих, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшо Маҳмудов иштирок намуданд.
Ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
  Зимни чорабинӣ муовини Раиси Кумита Расулзода Раҷабалӣ бо маърӯзаи табрикотӣ баромад намуда, аҳаммияти таърихӣ ва сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 35 сол ва нақши сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар махсус таъкид намуд.
  Ҳамчунин, зимни баромад нақш ва ҷойгоҳи муҳими соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар раванди созандагиву ободонии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтори коммуналӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
  Таъкид гардид, ки таъсиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими сиёсати давлатӣ, такмили низоми идоракунӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад.
  Дар идомаи чорабинӣ меҳмони ҷаласа — Давлатшо Маҳмудов оид ба аҳаммияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, марҳилаҳои ташаккули давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.
  Чорабинӣ дар фазои баланди идона, эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдорӣ баргузор гардид.
  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!