Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Таърих


Таърихи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бо рақамҳо

  • Бо Қарори Маҷлиси иқтисодии Шурои хоҷагии халқи ИҶШС (ЭКОСО) аз 21 майи соли 1927 дар бораи тартиб ва муҳлати гузаронидани барӯйхатгирии техникии амволи Шуроҳои маҳаллӣ, аз ҷумла баҳисобгирии хонаҳои ташкилотҳои буҷетӣ ва кооперативӣ
  • соли 1930 баҳисобгирии хонаҳои шаҳрвандон
  • соли 1939 ташкили базаи ягонаи меъёрии нархгузории иншоотҳо барои эҳтиёҷоти суғуртаи давлатӣ
  • Бо фармоиши Шурои комиссарони халқии ИҶШС аз 04 марти соли 1944 дар бораи дар ҳайати Шуроҳои комисарони халқӣ дар назди хоҷагиҳои коммуналии вилоятӣ барқарор намудан ва аз нав ташкил додани секторҳои барӯйхатгирии техникӣ ва дар назди хоҷагиҳои коммуналии шаҳрӣ ташкил намудани бюроҳои барӯйхатгирии техникӣ
  • Бо Қарори Шурои Вазирони ҶСС Тоҷикистон аз 30 июни соли 1987 Вазорати хоҷагии манзилию коммуналии ҶСС Тоҷикистон таъсис дода шуд
  • Бо Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 1992 №35 Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил карда шуд
  • Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 октябри соли 1995 №606 Консерни давлатии «Тоҷикжилкоммунсервис» ташкил карда шуд
  • Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 декабри соли 1995 №703а Консерни давлатии «Тоҷиккоммунсервис» ташкил карда шуд
  • Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2001 №235 Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъсис дода шуд
Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тибқи Оиннома фаъолияти зайлро анҷом медиҳад:
  • таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон
  • пешбурди сиёсати ягонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҷумҳурӣ
  • истифода ва таъмини ҳифзи фонди манзил дар шаҳрҳо, шаҳрак ва маркази ноҳияҳо
  • тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ирригатсия
  • истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ
  • таъмини гармии истеъмолкунандагон
  • иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ
  • иҷрои корҳои таъминотӣ, ташкили анборҳои яклухт ва чакана
  • пешбурди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • хизматрасониҳои нақлиётӣ
  • хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ
  • тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ