Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Роҳбарият

Табарзода Ҷамшед Афзал

Директори генералӣ

ТАМОС

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

        Табарзода Ҷамшед Афзал 2 октябри соли 1965 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.
         Дар соли 1972 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи ноҳияи мазкур рафта, соли 1982 мактаби миёнаро бо муваффақият хатм кардааст.
          Соли 1982 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, Соли 1990 ин Донишкадаро бо ихтисоси сохтмони саноатӣ ва гражданӣ хатм намудааст.
Дар муддати таҳсил дар донишкада 2 сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ (Муғулистон) адои хизмат намудааст.
       Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1990 ба ҳайси устои минтақавӣ, баъдан прораб, баъдан сардори участка, муовини сардор ва сардор оғоз намудааст. Соли 1999 дар вазифаҳои сардори Раёсати сохтмонии №23, сардори Ширкати сохтмони давлатии «Тоҷиксохтмон», шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
      Аз соли 1999 то соли 2004 дар вазифаи Директори Ҷамъияти саҳомии «Саноатсохтмон», шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
      Аз моҳи август то моҳи октябри соли 2004 ҳамчун ҷонишини директори Муассисаи мелиоративии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
        Соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2015 дар ин вазифа адои хизмат намудааст.
         Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2015 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардида, то ноябри соли 2018 Раиси ноҳияи Фирдавсӣ буд.
      Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2018 директори генералии корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин гардид.
      Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар даъватҳои сеюму чорум ва панҷум мебошад.
       Соли 2010 дар семинари байналмилалии Идоракунии молиявӣ дар шаҳри Турини Италия иштирок намудааст. Соли 2012 курси такмили ихтисосро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гузаштааст.
         Аз соли 2006 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
     Соли 2012 бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
         Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.