Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб.
Соҳибистиқлолии мамлакат имконоти васееро ба миён овард, ки дар ҷумҳурӣ як қатор Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ рӯи кор омада, дар рушду нумуъ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳри Кӯлоб, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани низоми устувор инчунин таҳкими иқтидори корхонаи хизматрасонии бахши таъминоти об амалӣ карда мешавад.
Бо татбиқи Лоиҳа таъмини об ба истифодабаорандагон дар як шабонарӯз ба 16 соат расонида шуда, шумораи муштариён аз 78000 ба то ба 103 000 нафар расонида мешавад.
Ҳамчунин паст кардани талафоти техникӣ, кам кардани оби ба инобат нагирифташуда аз 59 % то 25 %, кам кардани истифодаи қувваи барқ дар шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия , паст кардани хароҷот дар таъмири ҷорӣ, асосӣ ва бартараф намудани садамаҳо, паст кардани сатҳи бемориҳои сироятии алоқаманд ба обтаъминкунии бесифат ва мавҷуд набудани таҷҳизоти санитарӣ, паст кардани таъсири манфии муҳити зист, аз ҷумла ба Кӯлобдарё дар назар аст.