Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Ахборот

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон

29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳукумати мамлакат дар самти бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд.
Хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, аз тадбирҳои муҳими таъмини маркази ноҳияи Шаҳристон ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокии тоза мебошад.
Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгипроводхоз” тарҳрезӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар доираи татбиқи лоиҳа 60 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд.
Дар доираи лоиҳа дар мавзеи “Сари имҷоз” 2 ҳавзи обҷамъкунӣ, ҳар кадоме бо ғунҷоиши 300 метримукааб об сохта, 2 ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об куллан таъмиру таҷдид карда шудаанд. Тавассути 2 иншооти обгирӣ, ки сохта шудаанд, оби зеризаминӣ бо усули ҷаббишу полоишӣ аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда, аз он тавассути қубурҳои пластикии қутрашон 165-миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷамъкунии мавзеи “Сари имҷоз” интиқол меёбад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ васлу насб гардидааст.
Дар натиҷа маҳали аҳолинишини нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим шудааст, пурра бо оби нӯшокии тоза таъмин мегардад.
Дар маҷмӯъ, хатҳои оби нӯшокӣ бо истифодаи қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 110 то 315-миллиметра ва қубурҳои оҳании қутрашон 200 ва 325-миллиметра дар масофаи беш аз 52 километр сохта, инфрасохтори меъёрии оби нӯшокӣ дар шаҳрак ва деҳоти Шаҳристон ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳамчунин 513 адад ҷумакҳои обтақсимкунӣ сохта, таҷҳизоти муосири обченкунӣ васлу насб гардидааст. Бо бунёду навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ ҳамзамон таъмини оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва сокинони маркази ноҳия-шаҳраки Шаҳристон боэътимод мегардад. Бо татбиқи лоиҳаи иловагӣ ва сохтмони хатҳои обрасонӣ ба дарозии 30 километр сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.
То имрӯз бо татбиқи лоиҳа дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он 10 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Баъди анҷоми пурраи корҳои лоиҳа боз 11 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 21 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳристон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шаҳристон”-ро аз тадбирҳои муҳими таъмини хоҷагиҳо ва аҳолии минтақа бо оби тоза арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин нақшаҳои бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ дар кулли шаҳру ноҳияҳо, хусусан деҳоти мамлакат дар асоси “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал-“Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ мешаванд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камобӣ, ки масъалаҳои ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ, пеш аз ҳама,иқдому чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои сохтмону навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ бо татбиқи лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ идома дода мешавад.

29.07.2021 Муфассал >>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя»-ро дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз ба оби нӯшокӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, аз масофаи 1300 метр тавассути қубури полиэтилении қутраш 200 миллиметра ба обанбор интиқол меёбад. Бояд гуфт, ки лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар ду марҳила амалӣ мешавад.

Марҳилаи аввал деҳаи Остонаро дар бар гирифта, аллакай пурра татбиқ гардид. Марҳилаи баъдӣ деҳаҳои Осмондара ва Оламафрӯзи ноҳияи Данғараро фаро мегирад, ки бо татбиқ шудани он сокинони деҳот бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмуъ дар деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз 8 ҳазору 470 сокин зиндагӣ мекунанд. Қаблан аҳолӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид. Акнун, дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Дар доираи амалишавии марҳилаи аввали лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя” то деҳаи Остона 7 километр хати асосии оби худҷорӣ ва дар шафати кӯчаҳо, дохили бинову иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди деҳа 3,5 километр хати оби тоза кашида шуда, дар умум масофаи хати оби нӯшокӣ 10,5 километрро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии 911 хоҷагӣ дар деҳоти кӯҳсори ноҳияи Данғара амалӣ карда шуд. Обанбор дорои биноҳои безараргардонӣ ва такшинкунонии оби нӯшокӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва маводи зарурӣ таъмин мебошад. Иншоот дар масоҳати 0,8 гектар дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд гардидааст. Иқтидори ғунҷоиши об дар обанбор 500 мукааб буда, таъминоти об бо усули худҷорӣ ба минтақаи аҳолинишин интиқол меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи об дар байни сокинон низ тақвият дода шавад.

Бояд тазаккур дод, ки “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя” дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” бунёд шуда, ба ин восита мушкилии чандинсолаи сокинони маҳаллаи Остонаи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар самти таъминоти оби нӯшокӣ ҳалли худро ба пуррагӣ пайдо намуд.

Марҳила ба марҳила ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи солҳои охир дар ин самт бо татбиқи барнома ва нақшаҳои ҳадафманд тадбирҳои муҳим бомаром амалӣ гардида истодааст. Дар баробари таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳамчунин то обанбор ба масофаи 1200 метр роҳ мумфарш гардида, барои сокинони маҳаллаҳои атроф шароити арзандаи рафту омад фароҳам оварда шуд. Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ дар дохил ва беруни иншоот гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонда шудааст.

17.06.2021 Муфассал >>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро ба истифода доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Дар деҳоти Боғпарвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.

Дар марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи Воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ шуд, 7 ҳазору 240 нафар аҳолии деҳаҳои Боғпарвар, Чаманистон ва Баҳори ноҳияи Данғара бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Об аз канали калони дуюми Данғара тариқи насосҳои махсус аввал ба 2 ҳавзи ғунҷоишашон 250 метри мукааб ворид гардида, пас аз безараргардонӣ ба ҳавзи ғунҷоиши 500 метри мукааб интиқол ёфта, баъдан ба аҳолӣ тақсим мегардад.

Масофаи хатти оби нӯшокӣ 1 километру 400 метр буда, тариқи ду қубури обгузари қутрашон 160 миллиметр оварда шуд.

Дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Ҳамзамон барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ 1 адад трансформатори тавоноиаш 250 киловолт-ампер насб карда шуд.

Корҳои сохтмонии лоиҳаи мазкур моҳи феврали соли равон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дар марҳилаи дуюм низ бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва кашидани хатти оби нушокӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.

Аз руи маълумоти масъулини Корхонаи Воҳиди Давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар марҳилаи дуюми лоиҳа тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо насби 2 насоси обкаш зиёда аз 9 ҳазору 300 нафар сокинни деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо оби ошомидании бо сифат таъмин хоҳанд гашт.

Барои татбиқи лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғара, ки дар маҷмуъ 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 555 миллион сомонӣ сарф карда мешавад ва дар солҳои наздик мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар ҷамоати мазкур бартараф мегардад.

Айни замон дар ноҳияи Данғара барои сол то сол беҳтару хубтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дигар лоиҳаҳо низ мавриди татбиқ қарор доранд.

Бо татбиқи пурраи ин лоиҳа маҷмуан 2 ҳавзи калони захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 20 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Оқсу бо оби тозаи нӯшокии аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд.

Лозим ба таъкид аст, ки то инҷониб сокинони 3 деҳаи номбурда аз норасоии оби шомиданӣ танқисӣ мекашиданд ва акнун бо ташаббуси Сарвари давлат ин мушкилии онҳо роҳи ҳалли хешро пайдо намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба масофаи 1 километр роҳи деҳаи Боғпарвар мумфарш карда шуд.

Сокинони деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара иқдоми мазкурро тӯҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ маънидод карданд.

16.06.2021 Муфассал >>

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокӣ таъмин гардид

Имрӯз аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 18 адад таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокӣ супорида шуданд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдуқодир Файзуллоев ва директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб сухан намуданд.
Сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдуқодир Файзуллоев гуфт, ки бо дархости КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронависи КОВИД-19, инчунин дигар бемориҳои сироятии ба воситаи оби нӯшокӣ гузаранда, ба хотири бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон 18 адад таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокиро тариқи ройгон супорид. Таҷҳизот ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон харидорӣ шуда, ба корхонаҳои обтаъминкунии тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд.
Абдуқодир Файзуллоев иброз дошт, ки айни замон таъмини истеъмолкунандагон бо оби мутамаркази оби нӯшокӣ дар саросари кишвар аз ҷониби 80 корхонаи махсуси обтаъминкунӣ, ки тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошанд, амалӣ карда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо истифода аз имконот дар доираи «Барномаи беҳтар намудани аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2021» ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 тамоми тадбирҳоро андешида истода, аҳолии ҷумҳуриро бо оби тозаи нӯшокӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин намояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бори дигар ба Дафтари ҳамкории Швейтсария барои ҳамкории пурсамар дар барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба ҳамкорӣ дар ин самт изҳори сипос менамояд.
Инчунин дар ҷамъомад зикр шуд, ки барои истифодаи дурусти таҷҳизот соли равон ба мутахассисони корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо маблағгузории Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди Оғохон курсҳои омӯзишии дахлдор гузаронида шуд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб, муовини ӯ Ришар Шеневар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Зуҳурзода ва намояндаи Агентии Оғохон дар Тоҷикистон иштирок доштанд.

14.05.2021 Муфассал >>


Саҳифаҳо: 1 2 3 4 5 ... 17 Пеш >>