Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Идатон муборак модарони азиз!

09.03.2021

Идатон муборак модарони азиз!

Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории зан-модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад.

Ба гуфтаи олимон, зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва  неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Имрӯз Директори Генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” муҳтарам Табарзода Ҷамшед Афзал бонувони Корхонаро ва дар симои онҳо аҳли пайвандонашонро табрику таҳният гуфта, дар бораи мақому манзалати Зан – Модар дар ҷомеаи Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Мавсуф зимни суханронии худ аз дастовардҳои занону духтарон, ки имрӯзҳо бо ташаббусу иқдомҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар арсаҳои мухталиф фаъолияти пурсамар доранд, ёдовар шуда, саҳми арзандаи занону модаронро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ зикр намуданд.

20210305_090351.jpg

20210305_090345.jpg



Возврат к списку