Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

НАВРӮЗ МУБОРАК!

21.03.2021

НАВРӮЗ МУБОРАК!

Наврӯз яке аз вожаҳои муқаддас аст, зеро он таҷассуми таърихиву башарии фарҳанги бузурги халқи мо, хиради азалии мардуми мост; фарҳанге, ки тамоми дастовардҳои гаронбаҳо ва хуҷастагиҳои дурахшони маънавии миллатамонро дар худ маҳфуз доштаасту инъикос мекунад. Фарҳанге, ки дар он илму адаб, одобу маърифат, ҳунару санъат, сиришти неки миллатамон поянда мондааст. Тамоми анъанаҳо, ойинҳо, суннату маросими миллии мо, ки маҳз дар онҳо сиришти неку рӯҳияи зафарманди ин миллати куҳанбунёд абадан нақш бастааст, маҳз онҳо миллати моро дар тӯли таърихи гарону хунин зинда доштаву ба имрӯз расонидаанд, дар Наврӯз абадан зинда мондаанд.
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва тоҷикони ҷаҳонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба ҳамагон хонаободиву тансиҳати ва ба корҳои рузмараашон бурдбориҳо таманно даранд.
Бигзор Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон боз ҳам ба пешравиҳои беназир ноил гардад.

НАВРӮЗ МУБОРАК!


Возврат к списку