Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

09.04.2021

Ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-и деҳоти Ворух боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ оварданд.

Оби нӯшокӣ худҷореъ буда, аз деҳоти Ворух тавассути қубури қутраш 530-миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз қубури асосии оби нӯшокӣ ба масофаи як километр бо қубури қутраш 315-миллиметра ба тарафи чапи дарёи Исфара хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, ба ин ду маҳаллаи деҳоти Ворух дар ҳаҷми 300 метри мукааб об дар як соат интиқол дода мешавад.

Маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда” -и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дорои 8 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим аллакай 340 хонавода бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.

Хати оби нӯшокӣ бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Корхонаи сохтмону барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии чарогоҳ ва деҳоти шаҳри Исфараи Муассисаи давлатии сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” кашонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, барои сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ҷалб шуда буд.

Сарвари давлат аз масъулони соҳа талаб намуданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об миёни сокинонро тақвият бахшанд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа аҳолии ду маҳалла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаву муассисаҳои маъмуриву фарҳангии деҳоти Ворух бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара хатти оби нӯшокиро, ки барои таъминоти 15000 аҳолӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дарозии он 11 километру 200 метрро ташкил медиҳад.

Тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб мебошад, бо қубури қутраш 273-миллиметра оби нӯшокӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии ҳудуди шаҳраки Шӯроб дастрас мешавад.

Иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бунёд карда шудааст ва оянда барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара боз тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт дар идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат зери таваҷҷуҳи пайваста қарор дошта, тайи солҳои охир бо татбиқи барномаҳои гуногун дар ин самт дастовардҳои зиёд ба миён омадаанд.


Возврат к списку